ХАБАРИ ДОҒ

4 кӯдак дар 2 рӯз ғарқ шуд. Кӯдаконро беназорат нагузоред!

  • Ҷумъа, Июл 06 2018

 Вазорати корҳои дохилии мамлакат мегӯяд, ки тайи рӯзҳои 4-5-уми июли соли 2018, 4 ҳолати ғарқшавии ноболиғон ба қайд гирифта шудаааст, ки ҷой доштани чунин ҳодисаҳо боиси нигаронӣ мебошад. Аз он ҷумла, рӯзи 4.07.2018 тахминан соати 21:00-дақиқа, хурдсол, Абдураҳмонов Юсуфҷон Бурҳонович, соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Зарафшони н.Кӯшониён, аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
   Рӯзи 4.07.2018 тахминан соати 15:30-дақиқа, хурдсол, Тангирова Арофат Шуҳратовна, соли таваллудаш 2015, сокини н.Қубодиён аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
   Санаи 5.07.2018 тахминан соати 11:35-дақиқа, хурдсол, Ҷилоева Суман Расуловна, соли таваллудаш 2015, сокини ш.Бохтар аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шудааст. ИНчунин, дар ин рӯз тахминан соати 16:45-дақиқа, ноболиғ, Воҳидов Сиёвуш Баҳриддинович, соли таваллудаш 2010, сокини ш.Душанбе, дар осоишгоҳи кӯдаконаи касалиҳои сили “Қаратоғ”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Шаҳринави н.Шаҳринав ҳангоми оббозӣ карданаш дар ҳавзи осоишгоҳи мазкур аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
    Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми волидон хоҳиш менамояд, ки дар чунин фасли зебои сол, ки мавсими гаштугузор ва фароғату истироҳати кӯдакону ноболиғон аст, фарзандони худро беназорат нагузоранд ва ҳар 1 ҳаракати онҳоро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter