ХАБАРИ ДОҒ

Мансаби нави Капитан Клосси тоҷик

  • Душанбе, Апр 04 2016

Полковники милитсия  Раҷабзода Кароматулло Сайфулло, ки бо номи «Капитан Клосс» на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар тамоми ҷумҳурӣ машҳур аст, бо 1 фармони вижаи Вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз 30 марти соли 2016 муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин гашт.

Ӯ то ин дам вазифаи сардори шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати мазкурро бар дӯш дошта фаъолияти тамоми нозирони минтақавии пойтахтро зери назар мегирифт.

Лақаби «Капитан Клосс» ба Раҷабзода Кароматулло Сайфулло он замоне гузошта шуд, ки ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд аз кӯдаки ҳамеша орзуи мисли Капитан Клосс – қаҳрамони сериали лаҳистонии машҳури замони шӯравӣ «Ставка больше чем жизнь», милиса шуданро дошт ва ба ин орзуи кӯдакии хеш расид. 

СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter