ХАБАРИ ДОҒ

Постгоҳҳои иловагӣ ба хотири рейдҳои муштарак, на ҷиноят!

  • Душанбе, Нояб 19 2018


 Мақомоти қудратии в.Хатлон субҳи имрӯз, 19 ноябр дар роҳҳои автомобили Бохтару Вахш ва Леваканду Кӯшониён постгоҳҳои иловагиро таъсис додаст. 1 манбаъ дар сӯҳбати телефонӣ бо мухбири СССР гуфт, ки дар сарҳадҳои шаҳру ноҳияҳои в.Хатлон бо мақсади гузаронидани рейдҳои муштарак постгоҳҳо пурзӯр карда шудаанд.
   Аммо вобаста ба ин дар байни мардум овозаҳо ҳаст, ки гӯйё дар ҳудуди н.Вахш 1 автомашинаи тамғаи "Мерседес бенс" 3 нафарро пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст ё афроде, ки маблағи бузургеро дар н.Вахш рабудаанд, дар гурезанд.
   Шарбатулло Азизулло, раиси н.Вахш дар сӯҳбати телефонӣ ин овозаҳоро бе асос шуморида гуфт, ки дар ҳудуди ноҳия ягон ҷиноят содир нашудааст.     Турахонов Сироҷиддин, сардори БДА-и вилояти Хатлон низ ин хабарро тасдиқ накард ва гуфт, ки сабаби гузоштани постгоҳҳои иловагӣ ин анҷом додани нақша-чорабинии оперативии мақомоти қудратӣ асту халос.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter