ХАБАРИ ДОҒ

Боздошти 56 тонна ширинии мӯҳлатгузашта

  • Чоршанбе, Май 04 2016

Аз тарафи кормандони Шӯъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷояги бо кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар яке аз нуқтаҳои фуруши маркази савдои ҶСК «Фаровон» 56 тонна шириниҳои мӯҳлаташон гузашта боздошт гардид.

ЧУноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар хабар доданд, зимни санҷиш муайян гардид, ки вазни умумии он дар маҷмӯъ 56 тоннаю 612 килограмм маҳсулоти қаннодию бозичаҳои кӯдаконаро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 46 ҳазору 612 тоннаи онро маҳсулоти қаннодӣ ва боқимонда 10 ҳазор тоннаи онро бозичаҳои кӯдаконаи истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил медиҳад. Мӯҳлати истифодабарии маҳсулоти номбурда пурра гузашта шуда, ба таври қочоқ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Ҳангоми тафтишот маълум гардид, ки маҳсулоти қанноди аз 138 номгӯй иборат буда, муҳлати барориши маҳсулоти номбурда аз соли 2008 то 2015-ро дар бар мегирад, ки аллакай ғайриистеъмол ва ба саломатии кудакон хатарнок мебошад.

Маҳсулоти номбурда тибқи ташхиси лаборатории Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидиомологӣ бинобар сабаби ба талабот ҷавобгуй набудан истеъмоли он ба саломатии инсон хатарнок арзёбӣ гардид.

Маҳсулоти ошкоргардида бо риояи тартиби муқарраргардида аз нуқтаи савдо пурра гирифта шуда дар анбори Раёсати молияви хоҷагидории Хадамоти гумрук ҷойгир карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба соҳибкорзан З.Н. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеият ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

 СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter