ХАБАРИ ДОҒ

Пешгирии террори рӯзи 9 май дар Душанбеву Маскав

  • Душанбе, Май 09 2016

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ва ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ - аъзоёни ташкилоти террористии ба ном «Давлати Исломӣ» боздошт гардиданд, ки қасди анҷом додани амалҳои терррористиро дар рӯзи 9-уми май - ҷашни Ғалаба дар шаҳри Москва ва инчунин дар шаҳри Душанбе доштанд.

 

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, 2 майи соли 2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Москва, дар якҷоягӣ бо кормандони ВКД ҶТ ва мақомоти қудратии Федератсияи Россия аъзоёни ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» - Саитов Айбек Салихджанович, соли таваллудаш 1984, зодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ҷ. Расулов, миллаташ узбек, Тошболтаев А.А., ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россияро дорад дастгир гардида, аз онҳо ду автомат, ду тирдон бо тирҳояш  мусодира карда шуд.

Ҳангоми дастгир кардани ин гурӯҳи террористӣ Саитов А. муқовимати мусаллаҳона нишон дода, аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ҷароҳат бардошт. Айни ҳол ӯ дар беморхона қарор дорад.

Рӯзи 6 майи соли ҷорӣ, ҳаммаслаки онҳо шаҳрванд Менгликулов Достон Ҳасанович, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Навбаҳори ноҳияи Қубодиён, миллаташ узбек,   аъзои ташкилоти террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ҳангоми аз шаҳри Масква ба Тоҷикистон барои содир намудани акти террористи омадан дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Аз руи нишондоди Менгикулов Д.Х. се нафар ҳаммаслакони ӯ аз ноҳияи Қубодиён дастгир карда шуда, инчунин аз ҷои зисти Саитов А.С. дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.     

Ҳангоми азназаргузаронии манзили дастгиршудагон,  дар ноҳияи Қубодиён як адад компютери тамғаи «Ноут-Бук», 6 флешкорт, 30 дона диск, 10 дона китобҳои экстремистӣ, 1 адад харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 компас, инчунин  ду адад мухобира ва ду адад таппончаҳои дарсомузӣ дарёфт ва мусодира гардид.  

Дастгиршудагон аз ҷониби мубаллиғони ташкилоти террористии ба ном «Давлати Исломӣ», ки айни ҳол дар давлати Сурия қарор доранд, раҳнамоӣ шуда, ин амалиётро бо номи «Красная свадьба» номгузорӣ ва таҳрезӣ намудаанд. 

Айни ҳол нисбати номбурдагон чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома дорад.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter