ХАБАРИ ДОҒ


Писари туқсабо
Иброҳимбек. Ин ном беш аз 10 сол Артиши Сурх ва ҳукумати РСС Тоҷикистонро безобита мекард ва миёни муаррихин назароти гуногунеро ба ёдгор гузошт. Иддае ӯро роҳзану ғоратгар ва гурӯҳе қаҳрамони миллӣ ва ғозии ислом муаррифӣ мекунанд.

Вай с.1889 дар қишлоқи Кӯктош (ҳоло н.Рудакӣ) ба дунё омада, ба қабилаи лақай-шохаи исанхоҷаи он тааллуқ дошт. Падараш Чақабой оқсақоли деҳа буда, инчунин аз сӯи амир рутбаи туқсабо (полковники имрӯза)-ро дошт. Лақай миёни қабоили турки Бухорои шарқӣ 3-умин қабила (баъди қунғурот ва юз) буда, теъдоди онҳо дар Балҷувону Ҳисор каме бештар аз 25.000 нафарро ташкил медод. Иброҳимбек фарзанди хурдии хонавода буд ва дар хурдӣ муддати кӯтоҳ дар мадраса ҳам таҳсили илм карда буд. Ӯ хонданро ёд гирифту навиштанро то охир на. Вай 2 дафъа издивоҷ кард, лек аз ин издивоҷҳо фарзанде нашуд ва с.1921 зани 3-ум ҳам гирифт. Зани 3-уми ӯ Бибихадиҷа, духтари сарвари қабила ва фармондеҳи кулли лашкари лақайҳо Абдуқаюм Парвоначӣ шуд. Иброҳимбек с.1912 дар 23-солагӣ аз падар маҳрум гашт. Аз падар барои беки оянда танҳо 1 ҷуфт барзагов ва қарзҳои бешумор ба мерос монданд, аммо ӯ аслан дар фикри пардохти қарзҳои падараш набуд. Муддате назди хешовандон ва қабоили дигар аз қарзхоҳон руст шуд ва билохира дастаи мусаллаҳеро ташкил намуда, ба роҳзанӣ оғоз кард. Аз рӯи баъзе маълумотҳо, Рубин Гуди лақай аз ҷониби амир соҳиби рутбаи давлатӣ шуд ва ба ҷамъоварии андоз аз мардум машғул буд. Ин вазъият то тирамоҳи с.1920, ҳангоме ки инқилоби Бухоро барқосо ба Бухорои шарқӣ омад, идома дошт.
Садде дар роҳи Ҳиндустон
Артиши Сурх марти с.1921 қариб ҳама ҳудуди Бухорои Шарқиро ишғол кард. Танҳо Дарвоз бо марказаш Қалъаи Хумб дар тасарруфи тарафдорони амир боқӣ монда буду халос. Дар ин ҷо Эшони Султон бо муҷоҳиддини тоҷикаш мустақар шуд ва кӯшиши Артиши Сурх дар с.1921 барои тасарруфи он ба нокомиӣ дучор гардид. Бо вуҷуди ин аскарони сурх пай бурданд, ки миёни аҳолии мухолиф ё бетараф қарор доранд. Сурхҳо, ки аз нерӯҳои асосиашон ҷудо шуда буданд, маҷбур шуданд дар шакли гарнизонҳои ҷудогона маҳалҳои аҳолинишинро ишғол кунанд. Ин гуна ҷанг захоири зиёди инсонӣ ва моддиро тақозо мекард ва сурхҳо аз он маҳрум буданд. Шароити баамаломада Артиши Сурхро ба таъбире "бе банд" баста буд. Сурхҳо нерӯи кофӣ надоштанд, ки ба манотиқи кӯҳии Рашту Дарвоз лашкар бикашанд ва аз ҳуҷум ба Афғонистону Ҳиндустон бошад дигар касе даҳан намекушод. Ногуфта намонад, ки маҳз муқовимати босмачиёни Бухорои шарқӣ нақшаҳои Артиши сурхро дар бобати юриш ба Ҳиндустон шикастанд. Вазъияти аскарони сурх дар Бухорои шарқӣ рӯз аз рӯз батар мегашт. Қисмҳои дивизияи 1-уми савораи туркистонӣ, ки бо "экспедитсияи Ҳисор" маъруф буданд, аз тамоми чиз танқисӣ кашида, рӯҳияи ҷангиро низ қариб аз даст дода буданд. Танқисии хӯрока сурхҳоро маҷбур кард, ки ба мусодираи хӯрокворӣ даст зананд. Мардуми тороҷшуда ахир даст ба шӯриш зада, маҳз дар ин гирудор ситораи Робин Гуди лақай тулуъ кард.

Ҷонишини хусур
Ба шӯриши мардумӣ рӯҳонии маъруф Эшони Султон аз Дарвоз ва беки Балҷувон Давлатмандбий сарварӣ карданд. Маҳз ин 2 барои кӯмак ба қабилаи лақайҳо муроҷиат карда, онҳоро ба ҷиҳод зидди русҳо хонданд. Лақайҳо низ ба ин даъват лаббайк гуфта, дастаҳои мусаллаҳашон бо сарварии Абдуқаюм Парвоначӣ ба муҷоҳидин ҳамроҳ шуданд. Иброҳимбек низ дар канори хусур қарор дошт ва тибқи маълумотҳои бойгонии Артиши Сурх он шабу рӯз ӯ ҳамчун инструктори ҳарбии Давлатмандбий хизмат мекард. Баъди чанде хусураш бемор шуд ва домод фармондеҳии кулли нерӯҳи лақайро ба дӯш гирифт ва лақайҳо акнун дар миёни дастаҳои муқовимат бартарӣ ёфтанд. Дар баъзе аз маъхазҳои маҳаллӣ аз Иброҳимбек ба унвони "Мулло Муҳаммад Иброҳимбеки лақай" ёд шудааст, аммо аксарият мулло будани ӯро рад мекунанд. Аммо ӯ пири тариқатии худро дошт, ки бо номи Эшони Довуд маъруф буд. Эшон, ки барои шеърдониаш лақаби Эшони Булбулро дошт, аз тоҷикони Кӯлоб буда, миёни лақайҳо аз эҳтироми вежа бархурдор буд. Иброҳимбек ба шаҳодати муосирин, шахси бисёр шуҷоъ ва камгап буд. Дар авохири с.1921 ӯ аз ҷониби амир бо рутбаи қараулбегӣ (капитан) қадр шуд ва пешвои лақайҳо дигар то охир аз эҳтироми хоси амири гуреза-Олимхон бархурдор буд, агарчи дидор миёни онҳо танҳо тобистони с.1926 иттифоқ уфтод. Соли 1921 шӯришчиён тавонистанд бештари манотиқи Бухорои Шарқиро аз сурхҳо озод кунанд, лек силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ намерасид ва миёни ҷангиён якдиливу якпорчагӣ набуд. Амири гуреза қудрати таъмини муқовиматро бо пулу силоҳ надошт ва шӯришгарон маҷбур шуданд дар кишвар андози ҷиҳодро ба роҳ монанд. Лавозимоти ҷангӣ аз Афғонистон бо ҳамин пули андози ҷиҳод харидорӣ мешуд.

Сулҳи Калта Чинор
Муқовимати шӯришгарон ҳукумати шӯравии Бухороро маҷбур кард аз роҳи музокира вориди майдон шаванд ва августи с.1921 дар рустои Калта Чинори Кангурт миёни Давлатмандбий аз тарафи шӯришгарон ва Ато Хоҷаеву консули Русия-Дуров, аз ҷониби Бухорои шӯравӣ созишномаи сулҳ ба имзо расид. Тибқи он шӯришгарон ба ҳукумат тобеъ шуда, силоҳҳояшонро месупориданд ва русҳо бошанд нерӯҳояшонро аз қаламрави Бухорои шарқӣ мебароварданд. Аммо дар Бухоро болшевикон натоиҷи созишномаро напазируфтанд. Хоҷаев зери танқиди сахт гирифта шуд ва моҳи сентябр ҷангҳо бо шиддати бештар сар шуданд. Тирамоҳи с.1921 дар Бухорои Шарқӣ 3 маркази муқовимат дар Душанбе, Балҷувон ва Ғарм фаъол шуданд, ки дар ҷамъ 40.000 ҷанговарро дар худ муттаҳид мекарданд. Дар Душанбе сурхҳо дар муҳосира қарор дошта, қариб аз ҳама чиз танқисӣ мекашиданд. Моҳи ноябр фиристодаи нави Бухоро Усмон Хоҷа Пулодхоҷаев ба Душанбе омад. Усмон ва полковники турк-Алӣ Ризо бо истинод ба сулҳномаи Калта Чинор аз сурхҳо талаб кард, ки силоҳҳоро супорида, Бухорои Шарқиро тарк кунанд. Усмон комиссари ҳарбии Душанбе Морозенко, ҷонишинаш Мухин ва консули рус Нагорнийро асир гирифт, аммо сурхҳо онҳоро озод ва аз Туркфронт дархости ёрӣ карданд. Усмон бошад аз Иброҳимбек кӯмак хост, аммо ӯ ин даъватро рад кард. Ӯ ба Усмон гуфт: “Шумо русҳоро овардед, пас худатон пеш кунед, мо кор надорем!". Ин иштибоҳ боис шуд сурхҳо аз шикаст наҷот ёбанд ва бо гирифтани кӯмак Усмон ва Али Ризоро шикаст диҳанд. Иброҳимбек бошад баръакс ба дастаҳои боқимондаи ҷадидон дарафтода, ғановати зиёд ба даст овард. 

Беки Ҳисор
Баъди шикасти Усмон Иброҳимбек намояндаи худро ба Душанбе назди сурхҳо фиристод ва аз онҳо дархости сулҳ намуд. Ин шабу рӯз ба гуфтаи худаш, мардуми Ҳисор ӯро беки худ интихоб карда буданд ва пешвои лақайҳо маҳз бо ин унвон ба русҳо ба музокирот даромад. Ӯ номаеро ба сурхҳо ирсол намуд ва дар он русҳоро бо ғалабаашон бар ҷадидон табрик гуфт: "Рафиқон, мо аз шумо миннатдорем, ки бо ҷадидон ҷанг кардед. Ман Иброҳимбек шуморо барои ин коратон ситоиш мекунам ва дасти шуморо ҳамчун дӯсту рафиқ мефишорам ва роҳро бароятон ба 4 тараф боз мекунам ва метавонам озуқаатонро низ таъмин кунам. Душмание бо шумо надорем, танҳо бо ҷадидон меҷангем, ки ҳукумати моро сарнагун карданд". Он шабу рӯз Робин Гуди лақай содалаҳвона мепиндошт, ки бо ихроҷи ҷадидон сохти амирӣ дар Бухорои Шарқӣ барпо мегардад ва зиндагӣ ба ҳолати пешинааш бармегардад. Албатта русҳо ҳеҷ куҷо рафтанӣ набуданд ва қарор доданд дар баробари Иброҳимбек аз тактикаи нав кор гиранд. Онҳо гуфтушунидро бо пешвои лақайҳо идома дода, гирифтани кумакро низ идома доданд ва кӯшиданд ӯро бовар кунонанд, ки ба шарту шуруташ розианд. Дар баробари ин аз Бухоро кӯмак хоста, дар интизори ёрии иловагӣ буданд.


Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter