ХАБАРИ ДОҒ


29.10.1956 артиши Исроил ба хоки Миср дар нимҷазираи Синой ворид шуда, амалиёти ҷанг зидди ин кишвари арабиро оғоз намуд. Заминасоз ва тарроҳони аслии амалиёти исроилиҳо Англия ва Фаронса буданд, ки мехостанд бо дасти Исроил Мисрро ба зону шинонанд ва аз манофеашон дар ин кишвар ҳимоя кунанд. Манофеи асосии ин 2 давлат дар Миср канали Суэтс буд, ки онро с.1956 ҳукумати Ҷамол Абдулносир миллӣ кунонид. Милликунонии Суэтс барои англисҳо ва фаронсавиҳо ғофилгиркунанда шуд ва ин 2 дар минтақаи канал нерӯи низомии кофӣ надоштанд, то сареҳ вориди амалиёт шаванд.

Бештари нерӯҳои фаронсавӣ дар Алҷазоир мустақар буданд ва нерӯи англисҳо бошад дар Урдун қарор дошт. Ҳукумати Носир баъди милликунонии канал ба ҳамаи кишварҳо, ғайр аз Исроил кафолат дод, ки киштиҳояшон метавонанд бе мамониат аз канал гузаранд. Ин амалкард ҷомеаи ҷаҳониро низ тарафдори Миср кард. 22.10.1956 дар шаҳраки Севри Фаронса дидори махфии намояндагони Исроил, Фаронса ва Англия доир шуд. Гуфтушунидҳо 48 соат идома дошт ва бо бастани қарордоди махфиёна ба анҷом расиданд. Тибқи қарордод Исроил мебоист ба Миср ҳуҷум мекард ва Англияву Фаронса ҳам баъдан нерӯҳоро ба минтақаи канал медароварданд. Тибқи қарордод Исроил баъди анҷоми ҷанг мебоист ҳамаи нимҷазираи Синойро соҳиб мешуд. Дар ин дидор Бен Гурион-намояндаи Исроил пешниҳод намуд, ки марзро дар Шарқи наздик ба куллӣ тағйир диҳанд. Урдун бояд чун давлат аз миён бардошта, байни Исроилу Ироқ тақсим мешуд. Қисмати ҷанубии Лубнон низ тибқи нақша мебоист ба Исроил ҳамроҳ карда мешуд. Исроилиҳо мехостанд Лубнонро ба 1 кишвари насронии бо Исроил дӯст табдил диҳанд. Лек фаронсаию англисҳо нақшаро напазируфта, ба Гурион тавсия доданд, танҳо ба қазияи Миср таваҷҷӯҳ кунад. Аммо ба қазия СССР низ ҳамроҳ шуд ва нақшаҳои Англия ва Фаронсаро барбод дод. Соли 1955 Абдулносир бо роҳандозии 1 амалиёти хос тавонист Дмитрий Шепилов-котиби собиқи КМ ҲКИШро ба Миср даъват кунад. Ӯ ба ҳайси сармуҳаррири "Правда" ба Қоҳира омад. Журналистони хориҷӣ ӯро 3-умин нафар дар роҳбарияти Шӯравӣ қаламдод мекарданд. Он шабу рӯз Миср дар 1 вазъи бисёр печида қарор дошт. Англисҳо Судон-қисмати онрӯзаи Мисрро дар даст дошта, болооби Нилро зери контроли худ гирифта буданд. Дар Миср нерӯи 80.000-нафараи англисӣ мустақар буд ва Суэтс низ моликияти англисӣ-фаронсавӣ ба ҳисоб мерафт ва Миср аз он ҳеҷ суде намедид. Дар ин вазъият Носир аз СССР кӯмак хост ва абарқудрати шарқӣ ҳам аз ин фурсати муносиб ба хубӣ истифода бурд. Носир аз Маскав хост артиши Мисрро бо силоҳ таъмин ва дар ҳолати зарурӣ аз Миср дифоъ кунад. Дар иваз СССР тамоми Шарқи Наздикро ба даст меовард. Он шабу рӯз Миср бузургтарин ва бонуфузтарин кишвари арабӣ буд. Ахир, Носир силоҳи шӯравиро гирифт ва аввалин иқдомаш милликунонии Суэтс гардид. Англия ва Фаронса дар ҷавоб конфронси Суэтсро даъват намуданд. Конфронс с.1956 дар Лондон доир шуд. Англису фаронсавиҳо иддаъо карданд, ба чӣ ҳаққе Миср моликияти хусусии мамлакати дигарро соҳиб мешавад? Аммо Шепилов, ки он вақт вазири корҳои хориҷиии СССР шуда, намояндаи СССР дар конфронс будӣ, дар суханрониаш гуфт, ки ин канал бо хуну арақи ҷабини коргарони мисрӣ бунёд ёфта, ҳаққи ҳалоли Мисриҳост. Баъди ҳуҷуми Исроил низ маҳз Шепилов сафирони Англия ва Фаронсаро аз хоб хезонида, шабона онҳоро ба ВКХ даъват кард. Ӯ ба сафирон гуфт, агар дар зарфи 12 соат амалиёти ҷангиро қатъ накунанд Артиши Шӯравӣ ба ҷанг ҳамроҳ мешавад. Таҳдиди СССР басанда буд, ки Англия, Исроил ва Фаронса амалиёти низомиро қатъ карданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter