ХАБАРИ ДОҒ

Сангак Сафаров-муассиси Рӯзи Артиш

  • Чоршанбе, Фев 28 2018


Дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 23 феврал ҳамасола чун Рӯзи Артиши шӯравӣ ё ба таъбире "рӯзи мардон" васеъ ҷашн гирифта мешуд. Баъди пошхӯрии СССР бисёре аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод рӯзи ҷашни артишро тағйир доданд, аммо дар Тоҷикистон бо кӯшиши роҳбари Фронти халқӣ Сангак Сафаров 23 феврал расман рӯзи Артиши миллӣ эълон карда шуд. 

"Давлат ва инқилоб"
Пешвои болшевикон Владимир Ленин чунин меҳисобид, ки кишвари Шӯроҳо ниёз ба Артиши доимӣ нахоҳад дошт. Ленин с.1917 асари маъруфи худ "Давлат ва инқилоб"-ро навишт ва дар он аз ҷойгузин кардани артиши доимӣ бо оммаи мардуми мусаллаҳ ҷонибдорӣ кард. Мусаллаҳшавии мардум воқеъан дар авохири ҷанги ҷаҳонии 1 ҷанбаи оммавӣ касб карда буд, аммо на ҳамаи ин мардуми мусаллаҳ тайёр буданд дастовардҳои инқилобро бо ҷони худ ҳимоят кунанд. Ва аввалин бархурдҳои Гвардияи Сурх, ки бо усули даъвати ихтиёрӣ созмон ёфта буд, нодурустии ақидаи Ленинро собит намуд. Дастаҳои ихтиёриёни Гвардияи Сурх, ки дар авохири с.1917 созмон ёфта буданд, хело зуд ба дастаҳои авбош табдил ёфтанд. Ба ақидаи бархе, маҳз авбошигароии аввалин дастаҳои Гвардияи Сурх ба ҷанги гражданӣ шиддати бештар бахшид. Барои мисол казакҳои Дон моҳи апрели с.1918 маҳз зидди авбошигарии "инқилобӣ" шӯриданд.

Рӯзи мавлуд
Дар бобати рӯзи мавлуди Артиши нав низ назарҳо мутафовитанд. Имрӯз дар саросари Шӯравии собиқ 23 февралро чун рӯзи мавлуди Артиши Сурх ҷашн мегиранд. Тарафдорони ин сана бар онанд, ки маҳз дар ин рӯз тафаккури инқилобии оммаи коргарон, ки бо баёнияи ШКХ "Ватани сотсиалистӣ дар хатар" аз 21.02.1918 таҳрик ёфта буд, бедор шуд. Дар ин рӯз дар шаҳрҳои бузурги кишвар гирдиҳамоиҳо доир шуда, ҳазорон ихтиёрӣ худро ба сафи Артиши нав номнавис кард. Маҳз бо ёрии онҳо болшевикон тавонистанд марти с.1918 пешравии артиши олмониро боздоранд. Баъзеҳо мавлуди Артиши Сурхро 28.01.1918 меҳисобанд. Дар ин рӯз ШКХ Русияи шӯравӣ Декрет оид ба таъсиси Артиши Сурхи коргарӣ-деҳқониро қабул намуд. Аммо дастаи 3-ум рӯзи мавлуди Артиши нави сурхро 22.04.1918 медонанд. Дар ин рӯз декрети Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (ВЦИК) "Оид ба низоми ҷойгузинии мансабҳо дар Артиши сурхи коргарӣ-деҳқонӣ" ба тасвиб расида, интихобӣ будани ҳайати қумандонӣ бекор карда шуд. Аз ин пас қумандонҳои қисмҳои алоҳида, бригада ва дивизияҳо аз ҷониби Комиссариати халқии корҳои ҳарбӣ таъин ва қумандонҳои баталёнҳо, рота ва взводҳо бошанд аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбии маҳаллӣ пешниҳод мешуданд.

Нақши Тротский
Дар ташкилёбии Артиши Сурх нақши бисёр муҳимро Лев Тротский ифо намуд. Ӯ маҳз ташаббускори асосии таъсиси Артиш ба усулҳои анъанавӣ буд. Қадами бисёр муҳим мубориза бо "анархизми ҳарбӣ" шуд. Ӯ ҳукми қатлро дар Артиш барқарор кард. То авохири с.1918 фаъолияти кумитаҳои ҳарбӣ барҳам дода шуд. Тротский бо амалкарди шахсиаш ба қумандонҳои сурх нишон дод, ки чи гуна бояд тартиботро дар Артиш барқарор кард. 10.08.1918 Тротский барои ширкат дар амалиёти ишғоли Қазон ба шаҳраки Свияжск омад. Вақте полки 2-юми Петроградӣ худсарона майдони ҷангро тарк кард, ӯ нисбат ба аскарони фирорӣ расми куҳани румӣ "детсиматсия"-ро ҷорӣ намуд. Тибқи он ҳар аскари 10-ум тариқи қуръакашӣ парронда мешуд. 31 август Тротский шахсан 20 касро ба ин тариқ ба ҳалокат расонид. Бо пешниҳоди ӯ 29.07.1918 тамоми аҳолии аз 18 то 40-солаи кишвар ба қайд гирифта шуда, ӯҳдадории ҳарбӣ ҷорӣ карда шуд. Ин имкон дод якбора теъдоди сарбозони Артиш зиёд карда шаванд. Сентябри с.1918 теъдоди сарбозони Артиш қариб ба 500.000 нафар расонида шуд. Дар аввали с.1920 бошад теъдоди аскарони сурх аллакай 5,5 млн. нафарро ташкил медод.

Артиши беҳтарини Аврупо
Дар миёнаҳои солҳои 1930 аввалин шуда дар ҷаҳон, дар Артиши Сурх корпусҳои мехониконидашуда, ки нерӯи пиёданизом ва тонкиро дар худ муттаҳид мекарданд, созмон дода шуданд. Ин корпусҳо то 500 тонки Т-26 ва БТ-ро доштанд ва он ҳангом бақувваттарин нерӯи ҷангӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёфтанд. Навоварии дигар, бунёди нерӯҳои ҳавоии десантӣ шуд, ки ин низ аввалин таҷриба дар ҷаҳон будӣ. Соли 1935 дар машқҳои ҳарбии Киев, фармондеҳии Артиши Сурх ин нерӯҳоро ба таври оммавӣ истифода ва онҳо қудрат ва қобилияти ҷангии худро ба ҳама собит карданд. Ба ин машқҳо фармондеҳи округи ҳарбии Киев Иохим Якир сарварӣ мекард. Хоса, аз ҳавопаймо партофтани десантчиён бо техникаи ҳарбӣ ҳозиринро дар шигифт гузошт. Аз ҳама бештар намояндагони кишварҳои хориҷӣ, монанди Чехословакия, Фаронса, Итолиё ва Олмон, ки дар ин машқҳо ба ҳайси меҳмон ҳузур доштанд, таҳти таъсир қарор гирифтанд. Дар миёни намояндагони олмонӣ падари нерӯҳои тонкӣ ва яке аз беҳтарин фармондеҳони Рейхи 3-Ганс Гудериан ва Эрих фон Монштейн ҳузур доштанд. Умуман, дар оғози с.1937 Артиши Сурх яке аз беҳтарин артишҳои Аврупо буду метавонист бо ҳар нерӯи ҳарбии дунё сар ба сар шавад. Дар ин Артиш рӯҳияи артиши инқилобии замони ҷанги гражданӣ маҳфуз монда буд. Ин Артиш воқеан халқӣ ба шумор мерафт. Даъват ба Артиши Сурх ҳамчун ҷашн қабул карда мешуд. Аз ҷавонони хом Артиш шаҳрвандони ҳақиқиро тарбия мекард. Ҳар нафар дар қатори хизмати аскарӣ дар ин Артиш, инчунин соҳиби касби муайяне мешуд. Дар Артиш зиддияти табақоти ва миллӣ набуд. Бештари командирон одамони интеллигент буданд. Паст задани шарафу номуси инсонӣ дар ин Артиш ҳатто ба гӯшу хаёли касе намеомад.

Артиши миллӣ
Баъди суқути Иттиҳод бештари ҷумҳуриҳои он, нерӯҳои ҳарбии дар қаламравашон будаи Артиши шӯравиро моликияти худ эълон намуда, дар асоси онҳо артиши миллиашонро таъсис доданд. Мутаассифона, Тоҷикистон натавонист ба нерӯҳои дар қаламраваш буда соҳиб шавад. Бисёриҳо маҳз инро яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар медонанд. Артиши миллии Тоҷикистон дар асоси ҷузъу томҳои Фронти халқӣ 23.02.1993 таъсис дода шуд. Аҳамияти артиш барои ҳар кишвар аз касе пӯшида нест ва кишваре, ки нерӯи низомии қавӣ надорад, дар баробари ҳар таҷовуз ва зӯргӯӣ кӯтоҳ хоҳад омад. Инро ба хубӣ дар Душанбе дарк мекарданд ва с.1993 аввалин ҷузъу томҳои Артиши миллӣ созмон дода шуданд. Артиши тоҷик, ки ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кард, дар муқоиса аз артиши ҳамсоягонаш дорои таҷрибаи ҷангист ва инро дар тӯли мавҷудияташ борҳо собит кард. Мо низ бо истифода аз фурсат тамоми афсарон ва аскарони Артиши миллиро бо ҷашни касбиашон самимона табрик мегӯем. Ҳамеша сарбаланду комёб бошед.

Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter