ХАБАРИ ДОҒ

Роҳи тӯлонӣ ба сӯи қудрат

  • Панҷшанбе, Апр 26 2018


Поягузори Рейхи саввум Адолф Гитлер 20.04.1889 дар шаҳраки Браунау-ам-Инн, ки дар марзи Олмон ва Австрия қарор дошт, ба дунё омад. Падари Гитлер Алоис Шиклгрубер мӯзадӯзӣ мекард ва тибқи баъзе маълумот чанде қабл аз таваллуди Фюрери олмонӣ, насабашро иваз ва фомили Гитлерро барои худ ихтиёр кард. Баъзе аз муаррихон бар инанд, ки агар падари ӯ исми фомилашро иваз намекард, қисмати Адолфи ҷавон ҳам комилан дигар мешуд. Он вақт мардум мебоист ба ҷои "Хайл Гитлер", "Хайл Шиклгрубер" фарёд мекашиданд. Ӯ с.1905 дар ш.Линц мактаби миёнаро хатм кард ва мехост рассом шавад. Бо ин мақсад озими ш.Вена-пойтахти Австрия шуда, ҳуҷҷатҳояшро ба Академияи санъат супорид, аммо дар имтиҳони вурудӣ муваффақ нашуд.

Ефрейтори қаҳрамон
Соли 1914 дар Аврупо ҷанги ҷаҳонии 1 аланга зад. Ӯ он замон дар ш.Мюнхени Олмон сукунат дошт ва ихтиёрӣ ба сафи артиши Олмон шомил шуда, дар 30 ҳарб ширкат варзида, барои далерияш чандин мукофот ҳам гирифт. Олмон ахир дар ҷанг шикаст хурда, товони газоферо пардохт. Шикаст дар ҷанг ӯро руҳафтода накард ва метавон гуфт, маҳз аз ҳамин айём талоши сиёсии ӯ сар шуд. Ёфрейтори қаҳрамон ба таърих рӯ овард, зиёд китоб хонда, фаъолона дар гирдиҳамоиҳо ширкат меварзид. Дар ҷодаи суханварӣ истеъдоди фавқулодда дошт. Мегӯянд, ҳама лаҳҷаҳои забони немисиро балад буд ва дар ҳар минтақа бо мардум бо лаҳҷаи хоси онҳо гап мезад. Ин муҷиб шуд, ки дар ҳар шаҳр мардум ӯро ҳамшаҳрии худ гумон карда, бовариашон меафзуд. Сентябри с.1919 Гитлер барномаи сиёсии худро тартиб дода, роҳи расидан ба хушбахтии немисҳоро кашид. Худи ҳамон сол поярези Ҳизби коргарии немис А.Дрекслер ба Адолф пешкаш кард ба ҳизби онҳо шомил шавад. Ӯ аз артиш истеъфо дода, ба ҳизби коргарӣ пайваст. Дар ҳизби нав ӯҳдадори таблиғоти сиёсӣ шуда, баъди чанде ҳизбро ба нерӯи сиёсии пурқувват табдил дод. Соли 1921 ҳизби коргариро ба Ҳизби сотсиал-демократии коргарӣ (НСДАП) тағйир дод. Соли 1923 аввалин баромади ошкорои нерӯи сиёсии нав дар ш.Мюнхен-пойтахти Бавария доир шуд. Баромади аввал чандон муваффақ набуд ва ҳукумати вақт ӯро барои 5 сол суд кард.

Дар раъси Рейхи 3
Баъди озодӣ аз зиндон муборизаи сиёсиро идома дода, ахир, с.1933 президенти вақти Олмон Гранденбург Гитлерро рейхсканслери Олмон (сарвазир) таъин кард. Гранденбург баъди 1 сол аз олам гузашт ва ӯ ҳокими ягонаи Олмон шуд ва фаъолияти тамоми аҳзоби сиёсиро (ғайр аз НСДАП) дар қаламрави Олмон манъ ва бо қабули 1 қонун ба муҳлати 4 сол худро ҳокими мутлақи Олмон эълон кард. Соли 1934 пой аз ин фарохтар гузошта, худро пешвои Рейхи 3 ва фюрери миллати немис хитоб кард. Дар зарфи чанд сол ба ӯ муяссар шуд Артиши шикастхӯрдаи олмониро ҷамъу ҷӯр кунад ва дар авохири даҳаи 1930 он ба яке аз қавитарин нерӯҳои мусаллаҳ дар қитъаи Аврупо табдил ёфт. Соли 1938 маҷаллаи амрикоии “Taim” Гитлерро одамӣ сол муаррифӣ кард. Мошини ҳарбии ӯ дар муддати кӯтоҳ Аврупоро тасхир карда, ба марзи СССР наздик шуд. Фаронса ва Англия шикаст хӯрда, танҳо СССР садди роҳи Фюрер барои расидан ба ҳукумати ҷаҳонӣ буд. Июни с.1941 хост ин садди охиринро ҳам аз сари роҳаш бардорад ва ба СССР дарафтод, лек ин амалкард сахттарин иштибоҳаш буд ва ахир ӯро ба нобудӣ кашид. Баъди шикаст дар ҷанг апрели с.1945 ҳамроҳи занаш Ева Браун даст ба худкушӣ зад. Лек тибқи баъзе манобеъ ӯ дар киштии зериобӣ аз Аврупо рафт. Чунин хабар 25.06.1945 ҳатто дар рӯзномаи Правда ҳам дарҷ шуда буд. Дар он гуфта мешуд, ки Фюрер 29.04.1945 аз Ла-Паллис (соҳили ғарбии Фаронса) дар киштии зериобӣ, ки захираи зиёди озуқа ва сарвати дигар ба он бор карда буданд, Аврупоро ба самти Амрикои ҷанубӣ тарк кард.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter