ХАБАРИ ДОҒ


1 май дар замони собиқ СССР чун Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ҳамасола бо тантанаҳои зиёд ҷашн гирифта мешуд. Мардуми зиёд бо шиорҳои гуногун дар бештари шаҳрҳои собиқ Иттиҳод ба кӯчаҳо рехта, роҳпаймоиҳо доир мекарданд. 1 май имрӯз низ дар бештари ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, албатта бо номҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад. Дар Руссия ва Тоҷикистон онро чун Иди Баҳор ва Меҳнат, дар Қазоқистон чун Иди якдилии халқҳои Қазоқистон, дар Белорус ва Қирғизистон чун Рӯзи Меҳнат ҷашн мегиранд. Умуман, дар собиқ СССР 1 май пеш аз ҳама иди коргарон маҳсуб меёфт ва таърихи пайдоиши он низ ба ҳаракати коргарӣ рабти бевосита дошт.
Ошӯби Хеймаркет Иди 1 май дар шакли имрӯзаи худ дар нимаи қарни XIX дар ҳаракати коргарӣ арзи вуҷуд пайдо кард. Асоситарин талаби коргарон дар он шабу рӯз ҷорӣ кардани рӯзи кории 8-соата буд ва маҳз ин талаб заминасози ояндаи иде ба номи 1 май шуд.

Бори аввал бо ин талаб 21.04.1856 коргарони Австралия баромад намуданд. Ба тақлид аз онҳо ташкилотҳои анархистии ИМА ва Канада 1.05.1886 як қатор тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳоро ташкил карданд. Он шабу рӯз коргарони амрикоӣ дар вазъи бисёр баде қарор доштанд. Музди меҳнати ночиз, рӯзии кории 12-15 соата, истифодаи меҳнати кӯдакон, набуди кафолатҳои иҷтимоӣ коргаронро сахт азият медоданд. Дар ин тазоҳуротҳо 350.000 коргари амрикоӣ ширкат варзиданд. Танҳо дар Ню Йорк теъдоди онҳо 10.000 нафарро ташкил дод. Аммо маркази муқовимат ш.Чикаго шуд. Дар ин шаҳр беш аз 40.000 коргар ширкат карданд. Тазоҳурот дар майдони Хеймаркет-сквер, ки маркази савдоии калоне дар Чикаго буд, баргузор шуд. Бегоҳии 4 май дар Хеймаркет-сквер анбӯҳи зиёди мардум, аз ҷумла, занон ва кӯдакон ҷамъ омаданд. Аммо пулис аз эшон талаб намуд, то майдонро тарк кунанд. Яке аз роҳбарони анархистон Филден, ки дар майдон баромад мекард, гуфт, ин тазоҳуроти осоишта аст ва маҳз дар ҳамин вақт касе аз издиҳом ҷониби пулис бомберо партоб намуд. Дар натиҷаи таркиш 1 корманди пулис дар ҷои ҳодиса фавтид. Ҳомиёни қонун баъди ин тазоҳуротчиёнро зери борони тир гирифтанд. Дар натиҷаи тирпарронӣ 7 корманди дигари полис низ кушта шуданд. Кормандони пулис дар торикӣ ҳамдигарро парронданд. Рӯзи дигар ҳукуматдорон ташкилотҳои коргариро таҳти фишор қарор дода, садҳо гумонбарро қапида, зери шиканҷа гирифтанд. Дар натиҷаи амалиёти пулис 8 тан аз роҳбарони анархистон-Август Спис, Алберт Парсонс, Адолф Фишер, Ҷорҷ Энгел, Луис Линг, Михаил Шваб, Самуэл Филден ва Оскар Неебе дастгир шуда, онҳоро ба маҳкама кашиданд. Ин 8 касро дар аввал ба эъдом ҳукм карданд, лек аз миёни онҳо танҳо Филден дар тазоҳурот ширкат варзида буд, дигарон умуман он ҷо ҳузур надоштанд. Дар муҳокимаи дуввум ба 3 нафари онҳо ҳукми эъдомро бо бадарға ҷойгузин намуданд. Суд ба хулосоае омад, ки агарчи анархистон дар тазоҳурот набуданд, террористи номаълум зери таъсири суханрониҳои онҳо даст ба чунин иқдом задааст. Билохира 11.11.1887 4 нафар аз анархистон ба дор кашида шуда, яке (Линг) даст ба худкушӣ зад. 3 тан анархисти боқимонда бошад с.1893 озод шуданд. Ҳукуматдорон расман эътироф карданд, ки маҳкумшудагон бегуноҳ буданд ва гирифтори фитнаи полис шуданд. Маҳз ба хотири бегуноҳ кушташудагон бо пешниҳоди коргарони амрикоӣ, ки корпартоии навбатиро ба 1.05.1890 ба нақша гирифта буданд, Конгресси порисии Интернатсионали 2 юм дар с.1889, 1 майро Рӯзи баҳамоии коргарони тамоми дунё эълон ва пешниҳод кард, ин рӯзро бо намоишҳои эътирозӣ ва талабҳои иҷтимоии дигар ҷашн гиранд.
Рӯзи интернатсионал ва маёвка
Дар импературии Руссия бошад 1 майро бори аввал дар с.1890 ҷашн гирифтанд. Дар ин рӯз дар Варшава-пойтахти Полша, ки он замон 1 қисмати ин импературӣ буд, корпартоии коргарон сар зада, беш аз 10.000 коргар ширкат варзид. Аз с.1897 бошад маёвкаҳо хусусиёти сиёсӣ гирифта, намоишҳои оммавӣ ба 1 ҷузъи ҷашн табдил ёфтанд. Соли 1901 дар намоишҳои 1-майии коргарон дар Петербург, Тбилиси, Гомел, Харков ва шаҳрҳои дигар бори аввал дар Руссия шиорҳои “Нест бод, ҳукмронии мутлақ!” ва “Зинда бод Республика!” садо доданд. Дар корпартоиҳо ва намоишҳои якумимайии солҳои 1912-14 бошад теъдоди ширкаткунандагон ба 400.000 нафар мерасид. Соли 1917 баъд аз инқилоби Февралӣ 1 майро чун иди расмӣ ҷашн гирифта, дар ин ҷашнгириҳо теъдоди коргарон аз 1 млн. нафар ҳам гузашт. Баъди пирӯзии инқилоби болшевикӣ октябри с.1917 1 май иди расмӣ эълон карда шуд. Баъди 1 сол дар с.1918 болшевикон онро ба ҷашни давлатӣ табдил дода, 1 майро “Рӯзи Интернатсионал” номиданд. Номи ин ид низ баъдан чанд бори дигар тағйир дода шуд. Баъди чанде онро Рӯзи байналмилалии муттафиқии пролетариат ном ниҳоданд. Соли 1943 1 май ба “Ҷашни ҷангии пролетариати байналмилалӣ”, с.1946 ба “Рӯзи ҷашни байналмилалии меҳнаткашон” ва с.1972 ба “Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон” тағйири ном кард ва дигар то заволи аввалин кишвари Шӯроҳо бо ҳамин ном ҷашн гирифта мешуд. Дар давраи “сотсиализми мутараққӣ” бошад дар СССР намоишҳои якумимаӣ маънои дигаре пайдо карданд. Дар рӯзи 1 май меҳнаткашони СССР “якдилии худро бо муборизаи инқилобии меҳнаткашони кишварҳои капиталистӣ, бо ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ баён ва изҳор мекарданд, ки тайёранд тамоми нерӯи худро ба мубориза барои сулҳ ва сохтани ҷамъияти коммунистӣ фидо кунанд”. Бори охир расман ин ҷашнро дар СССР 1.05.1990 ҷашн гирифтанд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter