ХАБАРИ ДОҒ


17.05.1918 Корпуси чехословакии мустақар дар Сибири Русия зидди болшевикон шӯрид ва ин амалкардро бештари муаррихон чун рӯзи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар қаламдод мекунанд. Воқеан, корпуси чехословакӣ дар таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар шарқи Русия нақши бориз гузошт. Тобистони с.1918 Корпуси мазкур дар якҷоягӣ бо дастаҳои зиддиболшевикии рус тавонист манотиқи назди Волга, Урал, Сибир ва Шарқи Дурро аз дасти болшевикон бигирад ва ҳукумати Шӯроҳоро дар ин манотиқ барҳам бизанад.
Корпуси асирон
Ин корпус дар ҳудуди Русия ҳанӯз дар солҳои Ҷанги ҷаҳонии 1 аз ҳисоби асирони миллаташон чех ва словакӣ, артиши Австро-Венгрия таъсис дода шуд.

Асирон розӣ шуданд зидди Олмон ва Австро-Венгрия ҷангро идома диҳанд. Дар навбати худ, Фаронса ҳам дар ҳудудаш Артиши автономии чехословакиро таъсис дод. Чун Фаронса иттифоқчии Русия маҳсуб меёфт, фармондеҳии корпуси чехословакии Русия ҳам 15.01.1918 ба зимаи фаронсавиҳо гузошта шуд. Корпус ба фикри созмондиҳандагони он, мебоист дар муборизаи озодихоҳонаи кишвари худаш ширкат меварзид. Миёни дастаҳои чех корпуси русӣ аз ҳама сершумортар буд ва ҳукуматдорони Чехословакия умеди зиёд ба он доштанд. Он шабу рӯз 2 дивизияи ин корпус дар Украина ҷойгир буданд ва онҳоро бояд ба Фаронса интиқол медоданд. Аммо баъди оғози ҳуҷуми немисҳо дар Украина, корпуси чехославакӣ ба ҳудуди Русияи Шӯравӣ ақиб нишаст. 26.03.1918 дар ш.Пенза намояндагони корпуси чехословакӣ ва ШКХ РСФСР зери қарордоде имзо карданд, ки тибқи он асирони собиқ бояд тариқи Владивосток ба Фаронса интиқол дода мешуданд. Баъди чанде қатораҳои пур аз ҷанговарони чеху словак роҳҳои оҳани Русияи шарқиро аз Пенза то Владивосток пур карданд. Теъдоди ҷанговарони корпусро ҳам муаррихин гуногун номбар карданд. Дар маъхазҳои шӯравӣ ҳайъати корпуси чехословакӣ 40-45 000 ҷанговар ҳисоб шудааст. Аммо тибқи маълумотҳои ситоди артиши сафеди Сибир, теъдоди ҷанговарони корпус дар моҳи августи с.1918 31.000 ҷанговарро ташкил медод. Он шабу рӯз гурӯҳҳои анбӯҳи ин корпус дар навоҳии Пенза, Сизран, Самара, Челябинск, Новониколаевск ва Владивосток қарор доштанд.
Талаби Чичерин
Апрели с.1918 комиссари халқии корҳои хориҷаи РСФСР Г.Чичерин зери фишори немисҳо аз Шӯрои шаҳрии Красноярск хост, ҳаракати баъдии корпуси чехословакиро ба шарқ мутаваққиф кунад. Чехословакҳо ин иқдоми ҳукумати болшевиконро ваъдахилофӣ номиданд. Чехҳо гумон мекарданд, болшевикон онҳоро ба Олмон бозпас месупоранд. 16 май дар Челябинск Анҷумани вакилони ҳарбии корпус доир шуд. Чехословакҳо дар Анҷуман ба қароре омаданд, ки робитаро аз болшевикон канда, мустақилона ба Владивосток ҳаракат кунанд. Дар ҷавоб Маскав 21 май фармони халъи силоҳи пурраи чехословакҳоро содир кард. 25-27 май дар як қатор мавзеъҳои ҷойгиршавии корпус миёни чехословакҳо ва аскарони сурх задухӯрдҳо сар заданд. Дар оғози июни с.1918 дар наздикии Сизран болшевикон бо чехословакҳо шартномаи оташбас бастанд, аммо баъди чанде аз пушт ба онҳо дарафтоданд. Баъди ин фармондеҳии корпус пурра зидди болшевикон қиём кард.
Эссерони рост
Ақоиди сиёсии роҳбарияти корпуси чехословакӣ дар шарқи Русия ба эссерони рост бисёр наздик буд. Эссерон мехостанд Русияро кишвари демократӣ эълон кунанд. Онҳо дар оғоз бо болшевикон ҳамроҳ буданд, лек баъди парокандакунии Маҷлиси намояндагон ва бастани сулҳи Брест бо Олмон ба душманони қаттоли болшевикон табдил ёфтанд. Эссерон ба пинҳонкорӣ гузашта, эълон карданд, ки бо болшевикон то охир меҷанганд. Дар оғози с.1918 маркази ин мубориза ба Поволже ва Сибир кӯчида буд. Эссерон ҳамвора чехословакҳоро барои шӯриш таҳрик мекарданд, аммо то майи с.1918 роҳбарияти корпус мавқеи бетарафиро дар даргириҳои Русия ихтиёр карда буд ва танҳо мехост корпусро ба ватанашон баргардонад. Баъд аз воқеаи Сизран чехославакҳо аз эссерон ҷонибдорӣ карданд ва дар натиҷа тобистони с.1918 дар манотиқи шарқии кишвар, аз Волга то уқёнуси Ором ҳукумати шӯроҳо сарнагун карда шуд ва ба ҷояш ҳукуматҳои эссерӣ таъсис ёфтанд. Чехословакҳо ба эссерон кумак карданд, то артиши худро таъсис ва Фронти шарқии мубориза бо болшевиконро созмон диҳанд. Аз Шарқи дур то Урал 2 ҳукумати эссерӣ-Кумитаи Комуч ва Ҳукумати муваққати Сибир қудратро соҳиб шуданд. Маркази Кумитаи Комуч ш.Самара шуд. Кумита худро ҳукумати инқилобӣ эълон карда ваъда дод баъди пирӯзӣ бар болшевикон қудратро дар Русия ба Маҷлиси муассисон месупорад. Ба артиши нави Комуч подполковники Ситоди генералии Артиши подшоҳӣ В.Каппел сарварӣ мекард. 21 июл Артиши Комуч Симбирскро ишғол ва нерӯҳои болшевикии таҳти фармони Г.Гаяро торумор кард. Баъди чанде Каппел дар ҳамдастӣ бо чехословакҳо ш.Уфа ва Екатеринбургро тасхир кард. Моҳи июл казакҳои Урал ва Оренбург ҳам ба нерӯҳои Комуч пайвастанд. Дар натиҷа дар оғози августи с.1918 "ҳудуди Маҷлиси муассисон" аз ғарб ба шарқ ба масофаи 750 км тӯл кашид. Артиши Комуч шаҳрҳои Сизран, Симбирск, Сингелей, Буглма, Белебей, Бузулук, Бирск ва Уфаро ишғол карда буд. 7.08.1918 бошад нерӯҳои таҳти фармони Каппел нерӯҳои дарёии болшевиконро дар дарёи Кама торумор ва Қазонро ишғол мекунанд.
Захираи тилло
Дастаҳои Комуч ва чехословакҳо дар пойтахти Тотористон қисмате аз захоири тиллои импературии Русияро ба даст оварданд. Ин захоир 650 млн. рубли тиллоӣ ва 100 млн рубл дар коғазҳои қимматнок ва боигарии фаровони дигареро ташкил медод. Антанта низ сулҳи Брестро эътироф накард ва сиёсати зиддиболшевикиро дунбол мекард. Марти с.1918 десанти англисӣ ба Мурманск фароварда шуд, аммо англисҳо иқдоме зидди болшевикон анҷом надоданд. 2.08.1918 ташкилоти капитан Чаплин, ки 500 касро ташкил медод, ҳукумати Шӯроҳоро дар Архангелск сарнагун кард. Нерӯҳои шӯравӣ аз шаҳр гурехтанд ва англисҳо дар ҳол Артиши шимолии сафедҳоро созмон доданд. Дар Маскав баъди аз даст додани Қазон ба худ омада, ба Шарқ рӯ оварданд. Ба Фронти шарқии болшевикон аз сентябри с.1918 Сергей Каменев сарварӣ мекард. Ӯ моҳи сентябр дар наздикии Қазон ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт ва 10 сентябр Қазонро ишғол кард, лек эссерон тавонистанд тиллоҳоро ба Шарқ интиқол диҳанд. Артиши Комуч ва чехословакҳо шикаст хурданд ва аллакай 12 сентябр болшевикон Симбирскро пас гирифтанд. Дар навбати худ нотавонии эссерон дар рафти ҷанг афсарони Артиши собиқи подшоҳиро норозӣ карда буд. Ноябри с.1918 дар Омск 1 гурӯҳи афсарон ҳукумати эссеронро пароканда кард ва қудратро ба адмирали маъруф Александр Колчак супорид. Колчак бо тахаллуси Ҳукуматдори олии Русия ба мубориза бо болшевикон идома дод ва ғарбиҳо ҳам ӯро эътироф карданд. Аммо эссерон баъди табаддулот Колчакро душмани аз Ленин бадтар эълон намуда, бо ҳукумати сафедҳо ба мубориза бархостанд. Чехословакҳо низ аз эссерон ҷонибдорӣ мекарданд. Тирамоҳи с.1919 миёни дарёҳои Тобол ва Ишим, миёни нерӯҳои Колчак ва Артиши Сурх ҷанги ҳалкунанда сар зад. Колчак шикаст хурда, ба дохили Сибир ақиб нишаст. Дар ин вақт эссерон дар ақибгоҳи Колчак шӯриш бардоштанд ва дар Иркутск ҳукумати эссериро 2-бора таъсис доданд. 15.01.1920 дар наздикиҳои Иркутск чехословакҳо Колчакро дастгир карда, ба ҳукумати эссерӣ интиқол доданд. Корпус бошад бо ғанимати зиёди моддӣ ҷониби Владивосток ақиб нишаст, лек бори зиёд ҳаракати чехословакҳоро душвор мекард. Чехҳо бо сафедҳо ва нерӯҳои японӣ дар он тарафи Байкал ҷангида, билохира, сентябри с.1920 боқимондаҳои корпус ба Владивосток расиданд ва аз он ҷо тибқи ваъдаи ғарбиҳо ба Аврупои Ғарбӣ бурда шуданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter