ХАБАРИ ДОҒ



Умед ба палангу юзпаланг
Муҳорибаи Курск 5.07.1943 оғоз шуда, то 23 август идома ёфт. Он дар таърихнигории шӯравӣ “муҳорибае, ки ба куллӣ вазъияти ҷангро тағйир дод”, ном мебаранд. Задухӯрди Курск дар ҳақиқат як муҳорибаи бузург ба шумор меравад. Аз ҳар 2 тараф дар он 4 млн. аскар, 69.000 тӯп, 13.000 тонк ва 12.000 тайёра ширкат варзиданд. Ба андешаи муаррихони немис, тобистони с.1943 ба Адолф Гитлер бори охирин муяссар шуд, дар Фронти шарқӣ ҳамаи нерӯҳояшро дар 1 мушти зарбазан ҷамъ орад. Он шабу рӯз дар ғарби Рейхи 3 авзоъ муташанниҷ шуд. Нерӯҳои олмонӣ дар Африқои шимолӣ чун ҳеҷ кумаке аз Олмон намеёфтанд, тобистони с.1943 ба амрикоиҳо таслим шуданд ва нерӯҳои амрикоӣ-инглисӣ ба Итолиё таҳдид мекарданд. Сабаби дигаре низ вуҷуд дошт ва Гитлерро бисёр хавотир карда буд. Баъд аз пирӯзӣ дар Сталинград, Артиши Сурх нерӯи азиме пайдо карда буд ва Сталин ба ҳуҷуми навбатӣ тайёрӣ медид. Тибқи маълумоти немисҳо ин ҳуҷум маҳз дар наздикиҳои Курск бояд сар мешуд. Гитлер метарсид, ки ҳуҷуми ногаҳонии Артиши Сурх метавонад мисли тарма ҳама чизро аз сари роҳаш бардорад. Лиҳозо, дар Берлин қарор доданд, барои пешгирии ин ҳуҷум худашон амалиёти таҳоҷумӣ гузаронанд ва аввалин шуда, зарба зананд.

Амалиёти немисҳо дар ҳоле пиёда мешуд, ки нерӯҳояшон аз Артиши Сурх 3 баробар камтар буданд. Бо вуҷуди ин Фюрер ба амалиёт ризоият дод. Ӯ ният дошт бо тонкҳои наваш хатти фронтро рахна кунад. Тонкҳои немисии "Паланг" (Тигр) ва "Юзпаланг" (Пантера) он шабу рӯз нерӯи азиме ба шумор рафта, дар Курск беҳтарин ва яккачинтарин қисмҳои тонкии олмонӣ, мисли дивизияҳои тонкии СС "Викинг", корпуси 2-уми тонкии СС ширкат варзиданд ва бештари тонкҳои нав низ дар ин қисмҳо тақсим шуда буд. Аммо немисҳо пеш аз оғоз амалиёт намедонистанд, ки дар Маскав аз нақшаи онҳо огоҳанд. Нақшаи амалиёти оянда дар 1 тайёраи немисҳо ёфт шуд ва Жуков дар асоси ин нақша ба тарроҳии амалиёти ҷавобӣ сар кард. Вале дар Маскав низ назарҳо яксон набуданд ва Сталин тақозои баргузории ҳуҷуми навбатиро дошт. Бо вуҷуди ин генералҳо бо сарварии Жуков тавонистанд назари ӯро иваз кунанд ва Артиши Сурх барои муҳорибаи оянда мавқеъ гирифт. Жуков ҳангоми тарроҳии амалиёташ дар Курск хатти мудофиаи бисёрзинаие сохт, ки ҷаҳон назирашро надида буд. Маҳз ин хатти дифоъӣ ба нерӯҳои Артиши Сурх имкон фароҳам кард, ки пешравии тонкҳои немисро боздоранд.

Бузургтарин ҷанги тонкӣ
Яке аз машҳуртарин қисматҳои ҳарби Курск задухӯрди тонкӣ дар назди деҳаи Прохоровка шуд. Он 12.07.1943 ба вуқуъ пайваста, нерӯҳои корпуси 29-и тонкии Артиши Сурх ва аз сӯи дигар нерӯҳои корпуси 2-и тонкии СС ширкат варзиданд. Шумораи тонкҳои ҳар 2 тараф низ, ки дар ҷанг ширкат варзиданд, аз ҳамдигар тафовут доранд. Баъзе муҳаққиқони шӯравӣ то 850 тонк аз ҷониби шӯравӣ ва 800 тонк аз ҷониби Олмонро зикр кардаанд. Ба андешаи онҳо дар ин муҳориба 400 тонки немисӣ аз кор бароварда шуд. Прохоровкаро дар СССР "қабристони тонкҳои немис" меномиданд. Аммо тарафи немисӣ дар ин бобат назари мутафовит дорад. Ба гуфтаи немисҳо дар ин набард 186 тонки немисӣ ва 672 тонки шӯравӣ ширкат доштанд ва Артиши Сурх дар он 235 тонкро аз даст дод. Немисҳо мегӯянд, тонкҳои корпуси 29-и шӯравӣ дар як ҳуҷуми камикадзеии худ ба дом афтоданд. "Палангҳо" ва "Юзбоштҳо" аз масофаи дур тонкҳои шӯравиро ҳадаф қарор медоданд, дар ҳоле, ки "Т-34"-ҳо танҳо аз масофаи наздик метавонистанд тонкҳои немисро ҳадаф қарор диҳанд. Дар ин ҳуҷум 219 тонки шӯравӣ ширкат варзида, "камикадзеҳои сурх" 172 тонкро аз даст доданд. Дар миёни онҳо 118 тонк ба пуррагӣ сӯзонда шуданд. Талафоти немисҳо бошад дар ин ҳарб 3 тонкро ташкил дод. Майдони ҷанг низ дар дасти немисҳо боқӣ монда, муҳандисони корпуси 2-и тонкии СС шабона тонкҳои аз кор баромадаи худро ба ақибгоҳ кашида, тонкҳои шӯравиро тарконданд. Дар арафаи ҷанг нерӯҳои англо-амрикоӣ ба Ситсилияи Итолиё фуруд омаданд ва Фюрер амалиётро мутаваққиф карда, корпуси тонкии 2-и СС-ро ба Итолиё равона кард. Гарчи немисҳо наметавонистанд зуд ба Итолиё бирасанд, аммо Гитлер аз суқути Мусоллинӣ метарсид ва бо вуҷуди эътирози ҳарбиён тонкҳоро равонаи Итолиё кард. Бе нерӯҳои корпуси 2-и тонкӣ немисҳо наметавонистанд амалиётро идома диҳанд ва Артиши Сурх боз ғалаба кард. Дар мавриди гардиши куллӣ бошад, тарафи немисӣ назари дигар дорад. Ба диди немисҳо, лаҳзаи гардишӣ дар рафти ҷанг на Курск ва на Сталинград, балки ҳарби Маскав буду тақдири ояндаи Рейхи 3 муайян шуд. Дар назди Маскав ҷанги барқосои "блитскриг"-и немисҳо ба шикаст мувоҷҷеҳ шуд ва Олмон дар ҷанги тӯлонӣ бо СССР, ки ба он Амрикову Англия ҳам ёрӣ медоданд, ҳеҷ имконият надошт. Ба андешаи онҳо, ҳатто агар Олмон дар муҳорибаи Курск ғалаба ҳам мекард, боз ҳам ҷангро бой медод.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter