ХАБАРИ ДОҒ


Дуҳокимиятӣ
Дар аввали октябри с.1993 дар пойтахти Русия ҳаводисе сар заданд, ки ба задухӯрди мусаллаҳона дар Маскав печида, боиси рехтани хуни мардум шуд. Дар натиҷа, тибқи ахбори расмӣ беш аз 150.000 ва тибқи манобеи мустақил зиёда аз 1000 кас ҳалок шуданд. Дар Русия баъди таъсиси мансаби Президентӣ, дар с.1990 як навъ дуҳокимиятӣ ба амал омад. Тибқи Сарқонуни Русия ҳокимияти олӣ дар ин кишвар ба Анҷумани вакилони мардумӣ тааллуқ дошт. Бештари вукало дар Шӯрои Олии Русия фаъолият намуда, дар оғоз аз Елсин ва ҷонибдоронаш тарафдорӣ карданд. Ҳангоми аз миён бардоштани Горбачев вакилони мардумӣ дар канори Елсин қарор гирифта, дуҳокимиятӣ дар кишвар чандон ба назар намерасид. Аммо баъдан вазъ тағйир кард. Сиёсати иқтисодии ӯ норизогии тарафдорони дирӯзаашро ба миён оварда, вакилон бо сарварии Руслан Хисбулатови чечен зидди президенти Русия шӯриданд. Даргирии тарафайн декабри с.1992 дар Анҷумани 7-и вакилон оғоз шуд. Дар Анҷуман вакилон ва роҳбарияти Шӯрои Олӣ давлати Егор Гайдарро зери танқиди сахт қарор доданд.

Анҷуман номзади "ислоҳотчии" Елсинро ба вазифаи Раиси нави давлат рад кард ва Президенти Русия дар ҷавоб масъаларо ба референдуми умумихалқӣ кашида, аз вакилон хост, қазоватро ба мардум вогузоранд ва бигзор худи мардум тасмимашро бигирад. 20.03.1993 Елсин тариқи ТВ ба мардум муроҷиат ва эълон намуд, ки Қонуни асосии кишварро лағв ва дар идоракунии кишвар "тартиботи махсус"-ро ҷорӣ мекунад. Баъди 3 рӯз Суди конститутсионии Русия назари худро ироа намуд ва амалкарди президентро хилофи Сарқонун номид. 28 март ба қазия Анҷумани вакилон ҳамроҳ шуда, пешниҳоди Президент "оид ба баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президент ва вакилони мардумӣ"-ро рад карда, дар навбати худ барои аз вазифа гирифтани президент овоздиҳиро роҳандозӣ намуд. Лек кӯшиши вукало барои эълони "импичмент" амалӣ нашуд. Барои сабукдӯш кардани президент аз вазифааш 617 вакил овоз дод, аммо барои қабули ин қарор 689 овоз лозим буд.

Фармони тақдирсоз
Елсин 1.09.1993 бо фармони худ муваққатан Алескандр Рутскойро аз вазифаи витсе-президентӣ барканор кард. Ӯро ба ришвахорӣ муттаҳам карданд ва то анҷоми тафтишот Президент ҳақ дошт ӯро аз вазифа сабукдӯш кунад. Аммо тафтишот нишон дод, ки Рутской ришва нагирифтааст ва ҳуҷҷатҳои зидди ӯ ҳама сохтаанд. Вакилон фармони Елсинро сахт маҳкум ва ӯро ба дахл ба системаи судии кишвар муттаҳам карданд. Аммо Елсин ба ҳеҷ ваҷҳ ақиб нишастанӣ набуд. Ӯ 21 сентябр фармони тақдирсози №1400 "Оид ба ислоҳоти марҳила ба марҳилаи конститутсионӣ дар Федератсияи Руссия"-ро ба имзо мерасонад ва маҳз ин фармон боиси бесарусомониҳо ва задухӯрди мусаллаҳон миёни тарафайн шуд. Тибқи ин фармон Анҷумани вакилон ва Шӯрои Олии Русия мебоист фаъолияти худро қатъ мекарданд. Елсин Парлумон ва Шӯрои Олиро ба он муттаҳам кард, ки онҳо ҳамеша ба кори давлат монеъ шуда, мехостанд ба ин васила президентро аз миён бардоранд. Лек вакилон дар ин бобат назари мутафовит доштанд. Фармони №1400 тибқи моддаи 121.6-и Сарқонуни ФР Президент ғайриқонунӣ буд ва Елсин ҳақ надошт Анҷуман ва Шӯрои Олиро пароканда кунад. Ин амалкардаш автоматӣ ӯро аз вазифаи президентӣ сабукдӯш мекард. Тибқи Сарқонун қудрат дар кишвар мебоист ба дасти Рутской мегузашт.     

Кӯшиши Патриарх
Елсин ҳанӯз аз августи с.1993 "тирамоҳи гарм"-ро дар назар гирифта, он шабу рӯз зуд-зуд аз қисмҳои ҳарбӣ дар наздикии Маскав дидан карда, маоши афсаронро ҳам 3 баробар бардошт. Дар аввалҳои сентябр президент бо фармони худ мошини хидматии алоқаи фавридоштаи раиси Суди конститутсионии Русия Валерий Зоркинро аз ӯ гирифта, бинои Суд ҳам аз муҳофизон поксозӣ шуд. Дар он ҳангом қасри Калони Кремлӣ низ, ки бинои кории вакилон будӣ, бо баҳонаи таъмир баста шуд ва вакилон маҷбур шуданд ба "Қасри сафед" бикӯчанд. 23 сентябр навбати "Қасри сафед" фаро расид. Пас аз он, ки вакилон талаби ҳукуматиҳоро рад карда, биноро тарк накарданд, ҳукумат гармӣ, об, барқ ва телефонро дар бино қатъ намуд. Нерӯҳои давлатӣ Қасри сафедро ба муҳосираи пурра гирифта, авзоъ лаҳза ба лаҳза бесуботтар мегашт. Муаррихин менависанд, ки чанд рӯз қабл аз ин ҳаводис Елсин дар бӯстонсарои ҳукуматӣ дар Завидово бо вазири мудофиа Павел Грачев ва директори Хадамоти бехатарии кишвар Михаил Барсуков вохӯрда, нигаронии худро аз вазъи ба амал омада бо онҳо матраҳ кард. Дар ин дидор Грачев гуфт: "Миша, натарс, ман бо десантчиёнам корро тамом мекунам". Даргирии қарибулвуқӯъро патриархи Русия Алексии 2-ум хост пешгирӣ кунад. Алексий тавонист 1 октябр тарафҳои зидро гирди ҳам ҷамъ орад ва онҳо Протоколи оташбасро ба имзо расониданд. Тибқи он Елсин мебоист нерӯҳояшро аз Қасри сафед дур мебурд ва мудофеони Қаср ҳам силоҳҳояшонро месупориданд. Аммо ситоди мудофиаи Қасри сафед Протоколро напазируфт ва қарор дод, истодагариро идома диҳад. 3 октябр дар Маскав бетартибиҳои оммавӣ оғоз шуданд. Тарафдорони парлумон хатти муҳосираи Қасри сафедро рахна ва дастаи генерал Алберт Макашов бошад шаҳрдории Маскавро тасарруф кард. Дар саросари шаҳр тазоҳуроти тарафдорони Шӯрои Олӣ доир шуд ва вақте тазоҳуротчиён ба наздикии маркази телевизионии Останкино наздик шуданд, ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои давлатӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷа 46 нафар фавтиданд. Баъди хунрезӣ дар назди Останкино Елсин Грачевро розӣ кард ва субҳи 4 октябр нерӯҳои ҳукуматӣ бинои Қасри Сафедро тасхир намуданд ва Парлумони Русия пароканда карда шуд.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter