ХАБАРИ ДОҒ


Дафни беназир
Дар авохири моҳи октябр ва аввали ноябри с.1923 барои роҳбарияти ҳизби болшевикӣ аён шуд, ки Владимир Ленин-поярези инқилоби Октябрӣ нафасҳои вопасинашро мекашад. Баъди дарёфти ҳақиқат миёни роҳбарияти ҳизб бо ташаббуси Иосиф Сталин дидори махфие сурат гирифт. Дар он Калинин, Бухарин, Тротский, Каменев ва Риков ширкат варзиданд. Ӯ ба ҳозирин гуфт, ки доҳӣ рӯзҳои охири ҳаёташро паси сар мекунад ва эҳтимол ҳар лаҳза бимирад. Калинин низ гуфт, “марги доҳӣ набояд барои ҳизб амри ғофилгирона бошад ва бояд фикри дафни ӯро кард. Маросими дафн бояд тавре амалӣ шавад, ки дунё назирашро надида бошад”. Сталин аз ӯ ҷонибдорӣ карда гуфт, “баъзе рафиқон аз музофот зидди сӯзондани ҷасади доҳиянд ва мегӯянд, илми имрӯз қудрат дорад ба василаи мумиёкунӣ тани мурдаро мӯҳлати зиёд нигаҳ дорад, то шуури меҳнаткашон ба ин фикр, ки Ленин дигар дар миёни мо нест, одат кунад”. Лек Тротский зидди пешниҳод баромада гуфт: "Пештар турбати Сергей Радонежский ва Серафим Саровский вуҷуд доштанд, акнун турбати В.Илич. Бисёр мехостам бо ин рафиқон, ки ба гуфтаи Сталин пешниҳод мекунанд, Ленинро мумиёи кунем, шинос шавам. Ман ба онҳо мегуфтам, ки онҳо бо марксизм ҳеҷ рабте надоранд”. Бухарин низ зидди ин пешниҳод баромада гуфт: “Мӯмиёкунии Ленин таҳқири хотираи ӯст ва ин ақида комилан зидди ҷаҳонбинии доҳист”.

Аммо зиддияти ҳаммаслакон ба Сталин таъсир накард. Дар ин вохӯри қарор доданд тани Ленинро мумиёӣ ва барои абад нигаҳдорӣ кунанд. Яке аз касоне, ки зидди мумиёикунонии Ленин баромад, Надежда Крупская-зани доҳӣ буд. Ӯ вақте хабари мумиёкуниро шунид дар рӯзномаи “Правда” бо эътироз ба коргарону деҳқонон муроҷиат кард: "Рафиқон коргарон ва деҳқонон! Ман аз шумо хоҳиши бисёр калон дорам. Ғаму андӯҳи худро ба парастиши берунии шахсияти Илич равона накунед. Аз ӯ обида насозед. Мехоҳед номи Ленинро зинда нигаҳ доред? Бо номи ӯ боғчаи кӯдакон, хонаҳои истоқаматӣ, мактабҳо, китобхонаҳо... бисозед". Ба ҳарфҳои ӯ низ дигар касе гӯш намедод. Дар ҳол баъди марги Ленин, 22.01.1924 табиб Абрикосов тани ӯро барои 6 рӯз то маросими дафн мумиё кард, аммо баъди чанде КИМ СССР қарор дод: Тобути Ленинро дар дахмаи вежа нигаҳ дошта, онро барои зиёрати мардум дастрас ва марқадро назди девори Кремл дар майдони Сурх бунёд кунанд.

Мумиёикунӣ
10.03.1924 олимон А.И.Абрикосов, В.П.Воробев, А.Дешин, Л.Вейсброд ва Н.Савелев барои муоинаи доҳӣ вориди марқад шуданд. Ҳангоми муоина яке аз табибон ба шиками Ленин 1 кг намак чошид, Савелев бошад бо шпритс ба дохили лабони доҳӣ равғани турунҷ андохт. Мумиёикунонии навро профессорон В.Воробев ва А.Збарсикй анҷом доданд. Тани ӯро аввал дохили ванна, ки бо маҳлули 3%-аи формалдегид пур карда шуда буд, андохта, мумиёикунонӣ оғоз шуд. Тамоми моҳи апрел Воробев маҳалҳои сиёҳшудаи пӯсти доҳиро дар рӯ ва танаш сафед кард. Сипас тани ӯро дохили ваннаи бо спирти 20% пур карда шуда ворид ва пасон ба ванна глитсирин ҳамроҳ карданд. Охирҳои апрел кор қариб ба охир расид ва акнун мебоист танро барои мондан дар ҳавои кушод омода кард. Ин кор то июл идома ёфт. Ҳар рӯз Иличи мумиёишударо чанд соат дар ҳавои кушод нигаҳ медоштанд. 4 рӯз қабл аз анҷоми расмии корҳо ба толори ёдбуд комиссияи хос, ки аз коршиносони патологоанатом иборат ёфта буд, даъват карда шуд. Комиссия дар зарфи 4 рӯз бо диққат тани Ленинро таҳқиқ карда, ба хулосае омад, ки онро мешавад барои намоиши умумӣ қарор диҳанд. Баъди чанде марқадро "Мавзолей" ном гузоштанд. Мақбараи нав дар оғоз чӯбӣ буд ва с.1930 онро аз санги хоро сохтанд. Мавзолей дар қатори толори ёдбудӣ боз зали мошинӣ ва электронӣ иборат ёфтааст, ки ҳарорати якхелаи мақбара ва тозагии ҳавои онро таъмин мекунад. Солҳои тӯлонӣ ҳолати тани Ленинро Озмоишгоҳи сохторҳои биологӣ назорат мекунад. Кормандони Озмоишгоҳ 1 бор дар 18 моҳ муоинаи пурраи тани доҳиро анҷом медиҳанд. Тани доҳиро 2 ҳафта дар маҳлули махсус тар карда, сипас аз нав пӯшонида боз ба толори ёдбудӣ бармегардонанд. Мағзи сари доҳӣ бошад ҷудо аз тани ӯ дар сейфи хоси Донишкадаи мағз ҳифз мешавад. Ин Донишкада хос барои омӯзиши мағзи сари доҳӣ бунёд шуда, баъдан мағзи сари Сталин, Киров, Орҷоникидзе, Горкий ва як қатор нобиғаҳои дигари аввалин кишвари Шӯроҳо ба ин Донишкада барои омӯзиш фиристода шуданд. Бояд гуфт, ки то кунун Ленинро дар Мавзолей зиёда аз 120 млн одам зиёрат кардаанд.

Ленин ва Сталин
Дар оғоз Сталин дар паҳлуи доҳии болшевикон В.Ленин дар Мавзолей дафн карда шуд, лек Хрушев баъди Анҷумани ХХ ба фикри берун андохтани Сталин афтод. Фармонҳои роҳбарияти болоӣ дар собиқ СССР ҳамеша зуд ба иҷро мерасиданд ва дар масъалаи берун кардани Сталин аз Мавзолей ҳам кор зуд пеш рафт. Қарори берун кардани Сталин аз Мавзолей 30.10.1961 дар Анҷумани навбатии ҲКИШ қабул ва рӯзи баъд ин қарор ба иҷро расонида шуд. Хрушев нақшаро тавре кашид, ки бо ташаббуси берун кардани Сталин аз поин баромад карданд. Ин пешниҳодро коргарони ш.Киров намуда, котиби "обкоми" Ленинград Иван Спиридонов онро дар Анҷуман матраҳ кард. Субҳи 31.10.1961 ин қарор дар "Правда" чоп ва бегоҳ амалиёти "ихроҷ" сар шуд. Вақте торик шуд, Майдони сурхро аз ҳар сӯ иҳота карданд. Иштирокчиёни амалиёт баҳонаи хубе ҳам доштанд. Кишвар дар арафаи 7 ноябр-бузургтарин ид қарор дошт ва дар Майдон барои парад тайёрӣ мерафт. Барои ихроҷи Сталин аз Мавзолей комиссияи хосе таъсис дода шуд, ки ба он роҳбари раёсати 9-и КГБ, генерал Николай Захаров ва коммеданти Кремл А.Веденин сарварӣ мекарданд. Мегӯянд, Хрушев Захаровро пеш аз қабули қарор тариқи Анҷуман аз қазия огоҳ кард ва генерал пешакӣ нақшаи амалиётро кашида буд. Сталинро пинҳонӣ дафн карданд. Муаррихин сабабҳои зиёдеро барои ин амалкард матраҳ кардаанд. Тибқи яке аз онҳо Хрушев аз баромади оммавии мардум ҳарос дошт. Мегӯянд, с.1953 ҳини гӯронидани Сталин, дар майдони Трубнии Маскав то 1000 нафар ҷони худро аз даст доданд. Коммунистон аз такрори ин ҳаводис метарсиданд. Барои Сталин назди девори Кремл пешакӣ қабре кофта, онро зери тахтаи фанерӣ пинҳон карданд. Худи амалиёт чанд соат тӯл кашид. Ҳини гузаронидани он назди Мавзолей 2 ротаи автоматдорон қарор доштанд ва касеро наздикшавӣ намемонданд. Мегӯянд, ҳини дафн тугмаҳои тиллоии сарулибоси маршалии Сталинро канда, ба ҷояшон тугмаҳои латунӣ часпонда, бо фармони шахсии Хрушев пагонҳои гинералисимусии Сталин ҳам бурида шуданд. Ҷасади Сталинро аз дари махфӣ бароварданд. Албатта роҳи интиқол чандон тӯлонӣ набуд. Қабри нави Сталин 20 метр дуртар аз Мавзолей қарор дошт. Ҳамин тавр, дар ҳузури аъзои комиссия ва чанд афсар ҷасади Сталин ба хок супорида шуд. Танҳо с.1970 қабри доҳӣ мушаххас карда шуд ва болояш нимпайкараро гузоштанд. Баъд аз гӯронидан кормандони техникӣ дар муддати кӯтоҳ навиштаи Ленин-Сталинро тағйир доданд ва акнун болои Мавзолей, танҳо навиштаи Ленин боқӣ монда буд.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter