ХАБАРИ ДОҒ


Номзади ягона
15.03.1990 Анҷумани III-и ғайринавбатии вакилони мардумии СССР бо дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни СССР мансаби президентиро дар СССР роҳандозӣ кард. 14.03.1990 Пленуми КМ ҲКИШ доир шуд. Пленум Михаил Сергеевич Горбачевро ба ҳайси номзад ба мансаби президенти СССР пешбарӣ кард. 1 қатор вакилони Анҷуман номзадии сарвазир Николай Рижков ва вазири корҳои дохила Вадим Бакатинро барои президентӣ пешниҳод намуданд, аммо ин 2 аз президентӣ даст кашида, Горбачев номзади ягона боқӣ монд. Овоздиҳӣ соати 17:45 оғоз шуд ва пинҳонӣ мегузашт. Натоиҷи овоздиҳиро субҳи 15 март эълон карданд. Аз 2245 вакил дар Анҷуман 2000 кас иштирок доштанд. Барои ӯ 1329 вакил овоз дод, ки 59,2% теъдоди умумии вакилонро ташкил медод. 495 вакил зидди ӯ овоз доданд, 54 варақаи интихоботӣ корношоям баромад ва 122 вакили дигар аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд. Бо пешниҳоди раиси Шӯрои Олии СССР Анатолий Лукянов президенти тозаинтихоб ба минбар баромада, дасташро рӯи Сарқонун гузошта, қасам ёд кард: "Бо тантана савганд мехӯрам, ки ба халқҳои кишварамон содиқона хизмат мекунам, ба Сарқонуни СССР амал намуда, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро кафолат медиҳам ва ӯҳдадориҳои Президенти СССРро, ки ба дӯши ман гузошта шудаанд, софдилона иҷро намоям". Интихоби президент дар СССР бардоштҳои гуногун дар саросари дунё ба бор овард. Барои мисол ТВи Япония гузоришеро пахш кард, ки дар он гуфта мешуд: "Анҷумани ғайринавбатии вакилони мардумии СССР бузургтарин дигаргунии куллиро дар ҳаёти ҷомеаи шӯравӣ роҳандозӣ кард, ки дунё мислашро аз инқилоби с.1917 надида буд”.

Нашрияи “Вашингтон пост” бошад навишт: "Қарори Анҷумани ғайринавбатии вакилони мардумии СССР шояд муҳимтарин тағйиротро дар системаи сиёсӣ ва иқтисодии СССР аз лаҳзаи инқилоби с.1917 устувор намуд".

Ҷудоии ҳизб аз давлат
Фикри таъсиси мансаби президентӣ дар СССР дар гузашта низ ҷиддан мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Бори аввал ин масъаларо ҳини омодакунии сарқонуни сталинӣ дар с.1936 мавриди баррасӣ қарор дода буданд. Аммо Сталин бо вуҷуди ин, ки метавонист 99,99% овозҳоро ба даст ораду президент шавад, инро рад кард. Бори дуввум Никита Хрушев дар авохири давраи ҳукуматаш хост масъали президентиро мавриди баррасӣ қарор диҳад, лек ба диди муаррихон фурсат барояш муяссар нашуд. Ба фикри шоҳидон, Леонид Брежнев низ хуш дошт, вақте ӯро ҳини сафарҳои хориҷӣ "ҷаноби президент" хитоб мекарданд, аммо роҳандозии чунин мансабро дар кишвар ҷуръат накард. Замони Горбачев бошад, ин масъала аз декабри с.1989 дар ВАО ба шакли 1 фарзия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аммо ба кӣ тааллуқ доштани фикри ҷорӣ кардани мансаби президентӣ дар замони Горбачев то ҳол аён нест. Ёрдамчии ӯ Анатолий Черняев дар ёддоштҳояш менависад: "Январи с.1990 "муҳандиси бозсозӣ" ва котиби КМ Александр Яковлев ба ӯ махфиёна иттилоъ дод, ки Горбачев боре хеле беҳол ба наздаш омада, аз нобасомониҳои рӯзгор ва аз вазъи вахими кишвар шикоят кард. Яковлев ба ӯ пешниҳод дод, ки бояд ҳар чи зудтар вориди амал шуд. Садди асосӣ барои бозсозӣ ва ба тамоми сиёсати мо-Бюрои сиёсӣ аст ва бояд ин садро ҳарчи зудтар бартараф кард. Бояд дар наздиктарин фурсат анҷумани вакилони мардумиро даъват кард, то анҷуман шуморо президенти СССР интихоб кунад ва Горбачев ба ин пешниҳод розӣ шуд. Ба диди Рижков қарори идоракунии президентӣ хеле таъҷилӣ ба миён омад ва мо қарор додем анҷумани ғайринавбатиро даъват кунем. Ман ингуна таъҷилро намефаҳмидам, зеро баъди анҷоми кори Анҷумани дуюми вакилони мардумӣ танҳо дувуним моҳ гузашта буд ва дар Анҷуман ин масъала ҳатто баррасӣ ҳам нашуда буд. Бо вуҷуди ин 14 феврал Горбачев ногаҳон барои ҳама ин фикрро дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ матраҳ кард ва аллакай 27 феврал парлумони кишвар қарор дод, барои ҳалли ин масъала Анҷумани ғайринавбатӣ даъват кунад. Ин саросемагиро ҳам чапгароҳо ва ҳам ростгароҳо зери танқид гирифта, аз Горбачев мехостанд сабаби онро шарҳ диҳад, аммо ӯ ҳеҷ ҷавоби қонеъкунандае ироа надод. Тафсири расмии роҳандозии мансаби президентӣ, ки дар он гуфта мешуд: "Бо мақсади таъмини рушди дигаргуниҳои амиқи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, мустаҳкам кардани сохти конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва бехатарии шаҳрвандон, беҳтарсозии ҳамкории ниҳодҳои олии ҳукумати давлатӣ дар СССР" касеро қонеъ намекард. Ба андешаи муаррихон сабаби аслии ин моҷаро дар рӯбинои он хобида буд. Горбачев мехост котиби генералии ҲК боқӣ бимонад ва вобастагии худро аз КМ кам кунад. Чаро ки аъзои КМ ҳар лаҳза метавонистанд дар пленуме гирди ҳам оянду ӯро аз мансабаш сабукдӯш созанд. Ӯ таҷрибаи Хрушевро хуб дар ёд дошт. Инчунин дар рафти Анҷуман вакилон кӯшиданд ҳизбро аз давлат ҷудо кунанд. Дар рафти баррасиҳо пешниҳод шуд, якҷоякунии мансаби президентӣ ва роҳбари ҳизби сиёсӣ манъ карда шавад. Ин пешниҳодро ҳам демократҳои радикал ва ҳам коммунистони ортодокс пуштибонӣ карданд. Ин масъала ба овоздиҳӣ гузошта шуд ва 1303 раъйи мусбат касб кард. Ин пешниҳод бе шак мегузашт, агар сухан сари тағйир дар Сарқонун намерафт.

Иштибоҳи асосӣ
Асоситарин масъалае, ки ҳоло ҳам диққати муаррихонро ба худ ҷалб кардааст, ин аст, ки чаро Горбачев дар ҷорӣ кардани президентӣ суроғи интихоботи умумимардумӣ нарафт? Қонун оид ба ҷорӣ кардани ин мансаб низ ҳаминро тақозо мекард ва танҳо ҳолати аввалро истисноӣ муаррифӣ мекард. Аммо бо вуҷуди ин ӯ ба интихоботи мардумӣ розӣ нашуд. Бисёре аз муаррихон инро иштибоҳи асосии ӯ меноманд. Ин гуна интихобот метавонист мансаби президентиро мустаҳкамтар созад ва тавре баъдҳо Елтсин собит кард, президенти аз ҷониби мардум интихобшударо намешавад ба осонӣ барканор кард. Баъзе бар инанд, ки Горбачев аз ӯ бим дошт ва намехост дар интихобот бо ӯ рақобат кунад. Интихоб аз ҷониби вакилон статуси Горбачевро зери шубҳа бурд, зеро қонунияти худи Анҷумани 3-ум зери суол буд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз дар кишвар аз маъруфияти хосе бархурдор буд ва дар интихоб бе шак пирӯз мешуд. Ягона рақиби ӯ Б.Елтсин буд, вале ба диди муаррихон ба ӯ дар Осиёи Миёна овоз намедоданд. Ба ҳар сурат Горбачев ба интихобот розӣ нашуда, баъди 660 рӯз маҷбур шуд ба истеъфо равад.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter