ХАБАРИ ДОҒ

Марги бародар

Владимир Улянов-Ленин яке аз поярезони марксизм-ленинизм дар Русия ба шумор меравад. Ӯ аввалин ҳизби коммунистиро дар Русия роҳандозӣ кард ва орзӯи Марксу Энгелсро ҷомаи амал пӯшонд. Ленин 22.04.1922 дар ш.Симбирски Русия, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омад. Падараш бозраси мактабҳои халқӣ ва модараш низ зани таҳсилкарда будӣ. Владимир солҳои 1879-1887 дар гимназияи Симбирск таҳсил ва онро бо медали тилло хатм кард. Лаҳзаи тақдирсоз дар зиндагии ӯ с.1887 шуд. Дар ин сол ҳукумати вақт бародари бузурги ӯ Александрро барои ширкат дар қатли император Александри III ба қатл маҳкум кард. Марги ака таъсире сахте дар Владимири ҷавон гузошт ва роҳи ояндаи ӯро муайян кард. С.1887 Ленин ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Қазон дохил шуда, аммо бо сабаби ширкат дар тазоҳуроти донишҷӯён баъди 1 сол аз Донишгоҳ хориҷ карда шуд. С.1888 оилаи Уляновҳо ба Самара кӯчиданд ва маҳз дар ин шаҳр ошноии Ленин бо адабиёти марксистӣ иттифоқ уфтод.

Владимир баъди чанде ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи Санкт-Петербург супорида, с.1891 ба таври экстернӣ факултаи ҳуқуқшиносиро хатм мекунад. С.1893 ба Питер омада, ба ҳайси ёрдамчии ҳуқуқшинос ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуд. Аммо масоили ҳуқуқӣ диққати Ленинро чандон ҷалб намекарданд ва ӯ ба масъалаи тағйири асли давлатдории Русия пардохт. Аллакай с.1894 ақидаи сиёсии худро ба тасвиб расонида, тибқи он, пролетариати рус бояд тамоми нерӯҳои демократиро сарварӣ намуда, бо роҳи муборизаи ошкори сиёсӣ ҷомеаро ба инқилоби коммунистӣ мерасонид.

С.1895 бо иштироки бевоситаи Ленин дар Петербург "Иттиҳоди мубориза барои озодии синфи коргар" созмон дода шуд, ки аввалин ташкилоти марксистӣ дар Русия ба шумор мерафт. Барои ин кор ӯро ба ҳабс гирифта, ба муҳлати 3 сол ба деҳаи Шушинскоеи Сибир бадарға карданд.

Маҳз дар ин бадарға Ленин бо Надежда Крупская ошно ва Крупская то охири ҳаёти доҳӣ ёвар ва ҳаммаслакаш гардид. 

Ҳиҷрат ба Аврупо

С.1900 Ленин Русияро тарк карда, ба Аврупо рафт. Дар Олмон, Англия ва Шветсария зиста, он ҷо бо Г.В.Плеханов ошно шуд. Плеханов ҳам яке аз шахсиятҳои инқилобии рус буд ва нақши зиёде дар ҳаёти ӯ бозид. Маҳз бо кумаки Плеханов аввалин нашрияи умумируссиягии марксистӣ-"Искра"-ро нашр кард. Пайдоиши тахаллуси Ленинро низ ба ҳиҷрати аввалини ӯ рабт медиҳанд. Бори аввал ин тахаллус с.1901 садо дод, лек то ҳол пайдоиши тахаллус номаълум боқӣ мондааст. Баъдан аз зани Ленин борҳо бобати ин тахаллус суолоте шуда буд, лек Надежна Константиновна ҳамеша посух медод, ки сабаби аслиашро намедонад. Ба андешаи ӯ шавҳараш тасодуфан тахаллуси Ленинро интихоб кардааст. С.1903 дар Анҷумани II-и сотсиал-демократони рус Ҳизби состиалистон ба 2 шоха-меншевикон ва болшевикон тақсимбандӣ шуд ва Ленин роҳбарии болшевиконро ба ӯҳда гирифт. Ҳини инқилоби аввали рус дар с.1905 Ленин дар Шветсария қарор дошт ва ноябри ҳамон сол пинҳонӣ ба Русия омада, то декабри с.1907 Кумитаи марказии болшевиконро дар Петербург роҳбарӣ кард. С.1907 ӯ дубора ба Аврупо рафт ва дар солҳои ҷанги ҷаҳонии 1 шиори шикасти ҳукумати Русияро матраҳ намуд. Тибқи ин шиор ҷанги империалистӣ бояд ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил дода мешуд ва ба инқилоби ҷаҳонӣ мунҷар мегардид.

Ҷоизаи Нобел                                                                                                                 

Ҳангоми инқилоби февралӣ низ Ленин дар хориҷа қарор дошт. Баъди оғози инқилоб дубора азм ҷазм кард, то ба Русия боз гардад. Ахир, апрели с.1917 ин кор ба ӯ муяссар шуд. Баъди 1 рӯзи бозгашт ба инқилобиён лоиҳаи табдил додани инқилоби буржуазӣ-демократиро ба инқилоби сотсиалистӣ пешниҳод ва шиори "Ҳамаи ҳокимият ба Шӯроҳо"-ро эълон кард. Октябри с.1917 ба ӯ ва ҳаммаслаконаш муяссар шуд ҳокимиятро дар Петроград ба даст гиранд ва ӯ дастаҳои горди Сурхро ба Маскав интиқол дода, он ҷо ҳам ҳокимияти Шӯроҳоро барқарор кард. Инқилоби октябрии болшевикон ба ҷанги шаҳрвандӣ мунҷар шуд, ки 3 сол идома ёфт ва мазҳ бо сарварии Ленин болшевикон тавонистанд дар ин ҷанг пирӯз шаванд. Агар ҷанг сурат намегирифт ӯ метавонист барандаи ҷоизаи Нобел гардад. Баъди пирӯзии болшевикон дар с.1917 Норвеж номзадии Ленинро барои дарёфти ин ҷоиза пешниҳод намуд, аммо бо сабаби гузаштани вақти сабти номи довталабон ин пешниҳод рад карда шуд. Бо вуҷуди ин, кумитаи Нобелӣ изҳор дошт, ба Ленин ҷоизаро месупорад агар дар Русия сулҳ барқарор шавад. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ Ленинро аз дарёфти ҷоизаи Нобелӣ маҳрум кард.

Беморӣ

Ӯ сиёсати коммунизми ҳарбӣ, баъдтар сиёсати нави иқтисодиро (НЭП) дар Русия роҳандозӣ карда, бо роҳбарии Ӯ болшевикон дар ҷанги шаҳрвандӣ пирӯз шуданд. Декабри с.1922 таҳти раёсати Ленин кишвари нав Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) арзи вуҷуд пайдо кард, ки баъдан ба яке аз абарқудратҳои ҷаҳон табдил ёфт. Аммо худи доҳӣ ин марҳиларо дарёфт накард. Августи с.1918 мухолифони сиёсии болшевикон ба ҷони ӯ суиқасд карданд ва раиси ШКХ сахт захмӣ ва ин ҷароҳат боиси бемории тӯлонии доҳӣ шуд. Барои табобати Ленин аз Олмон табибони беҳтарин бо сарварии Отфрид Ферстер ба Маскав даъват гардиданд, аммо онҳо ҳам натавонистанд пеши роҳи бемории доҳии болшевиконро гиранд. Ахир, Ленин 21.01.1924 дар синни 53, дар бустонсароӣ Горки аз олам даргузашт. Бадани Ӯ бошад ба хок супорида нашуд ва то имрӯз дар Мавзолейи Маскав қарор дорад. Номи доҳии болшевикон низ то ҳол зинда нигаҳдорӣ мешавад ва танҳо дар Русия зиёда аз 5000 кӯчаву хиёбон номи Ӯро доранд.

 

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter