ХАБАРИ ДОҒ

 

 Ошноӣ

Ба тахмин понздаҳ сол қабл бародари гиромӣ Убайдулло Ҳурмат маро бо ду шахси наҷиб ошно кард. Аввалӣ Хол Ғуломов, фарҳангшинос ва шоир (тахаллусаш Ниҳонӣ) ва дувумӣ Бозор Нағзибеков, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, собиқадори соҳаи матлуботи кишвар. Дар зарфи чанд муддати ошноӣ бо ҳам қаробат пайдо кардем. Ҳарду ҳам нафарони заҳматкаш, бо кӯшишу заҳмати зиёд ба қуллаи баланди пешаи хеш расидаанд. Аввалӣ аз деҳаи Себистони ноҳияи Данғараву дувумӣ аз деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон, ду дӯсти қарин бо таърихи рӯзгори пурпечутоби хеш аз ҳам фарқ мекарданд. Чанд соли пеш Хол Ғуломов хонаи ҷигарбандаш, дар Россия аз дунё гузашт. Аммо, ин дафъа аз амаки Бозор хоҳем гуфт.

Хушҳол аз онам, ки имрӯз ин марди хуштолеъу хушманд сиҳату саломат дар ҳалқаи фарзандону набераҳо рӯзгори хуш дорад. Чун ба ӯ менигарам, аз суҳбату гуфтор ва некманишиаш хушам меояд. Зиндадилии ӯ ба атрофиён руҳу равони тоза мебахшад.

Вирди забони ӯ шукрона аст. Шукрона аз фазои озод, сулҳу оромӣ, аз фарзандону ҷигарбандони ғамхораш мегӯяд. Ӯ марди соҳибтаҷриба ва рӯзгордидааст. Кирдугор ба ӯ рӯзгори шоистаро лоиқ дидааст. Ҳамватанон, ҳамкорон ва ошноҳо ӯро чун фарди соҳибтаҷриба ва хирадманд мешиносанд.

 

Интернати Дебоста

Бозор Нағзибеков 19 ноябри соли 1926 дар Бадахшони сарбаафлоқ дар оилаи марди муздур Шодмони Нағзибек дида ба дунё кушодааст. Худ ёд меорад, ки дар хонаводаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Кӯҳистони Бадахшон мулки камзамин аст ва зиндагӣ он овон бас тоқатфарсо буд. Як порча замини хонаводагиро баробари дигар ҳамсоягон кишт мекарданд. Аммо он ба рӯзгор сар ба нӯг мерасад.

Аз боиси рӯзгори вазнин Бозорро ба хона – интернати деҳаи Дебоста супурданд. Ҳукумати советӣ ҳамаи шароитро барои фарзандони деҳқонон муҳайё сохта буд. Ҳукумат онҳоро мехононд, мехӯронду мепӯшонд. Садҳо бор шукр мегуфтанд, ки давлати шӯравӣ ғами камбағалу бенавоёнро мехӯрад.

Бозор мактаб – интернатро бо маълумоти синфи ҳафт тамом кард. Собиқ раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев яке аз ҳамсинфони ӯст.

 

Сталинобод

Бо тамом кардани интернат дар андеша уфтод, ки куҷо раваду чӣ кор кунад. Ва бо дастае пиёдаву савора озими пойтахт шуданд. Дар шаҳри Сталинобод ба курси омӯзишии коргарӣ шомил гардид. Дар ҳамин давра ба сафи комсомол дохил шуд. Пас чанд муддат дар Комбинати нассоҷӣ фаъолият бурд. Аз сабаби надоштани ҷойи хоб ва шароити зист корро тарк гуфт.

 

Тавилдара

Соли 1943 бо ҳукми тақдир Бозор Нағзибекро ба ноҳияи Тавилдараи собиқ вилояти Ғарм раҳнамун сохтанд. Бо роҳхати кумитаи ҳизбии ноҳия ӯро ба колхози ба номи Горкий фиристоданд. Ва ӯ ба сифати муҳосиб ба фаъолият пардохт.

 

Солҳои ҷанги хонумонсӯз қувваи корӣ намерасид. Шахсони босавод низ тухми онқоро мемонданд. Дар колхоз ташкилоти комсомолӣ набуд. Бозор ташаббусро ба даст гирифт ва ба ташкилоти комсомолӣ асос гузошт. Ҷавонон худи ӯро ба ҳайси роҳбари ҷавонони хоҷагӣ пазируфт.

Моҳи октябри соли 1943. Дар кӯҳистон ҳаво торафт сард мешуд. Дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия аз сабаби норасоии қувваи корӣ 50 гектар ғалла нодарав монда буд. Роҳбарияти вилоят ва ноҳия дар андеша монданд. Бозори Нағзибек аз ҳисоби ҷавонон як бригадаи зарбдор созмон дода, дар бадали ду рӯз бо дастаи 40 – нафарааш ғалларо даравида, ҳосили ҷамъовардаро ба анборҳои хоҷагӣ супурд. Ҳамин хел 50 гектар ғалларо ҷавонон аз талаф эмин доштанд. Хурсандии мардум ва роҳбариятро ҳад набуд.

 

Ноҳияи Қалъаи Лаби Об

Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва раҳбарии ӯ аз назари райком дур намонд. Моҳи сентябри соли 1944 Бозор Нағзибековро котиби якуми Кумитаи комсомолии ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) – и собиқ вилояти Ғарм интихоб намуданд.

Шароити корӣ вазнин буд. Дар хоҷагиҳо қувваи корӣ намерасид. Дар саҳро танҳо занону мӯйсафедон монда буданд. Ба ҷуз ин дар байни мардум таблиғот бурдан рост меомад. Рӯзона кори хоҷагӣ, шабона маҳал ба маҳал гашта корҳои сиёсиро пеш бурда, аз музаффариятҳои Армияи Советӣ нақл намуда, мардумро рӯҳбаланд мегардонданд.

 

Фронт

Амаки Бозор қиссаи ба фронт рафтанашро ба ёд меорад: - Моҳи декабри соли 1944 ба ман роҳбаладии як даста наваскаронро то ба шаҳри Сталинобод бовар карданд. Зимистони қаҳратун, то маркази пойтахт роҳ дур, на ҳамаи даъватшудагон либоси гарм доштанд. Дар роҳ ду ҷавонро сармо зад. Барои пурра кардани ҳайат номзадии худамро пешниҳод намудам. Ҳарчанд, ки ман брон (хати ба ҷабҳа нарафтан) доштам. Роҳбарият дар андеша монданд.

Бо ҳамин роҳ дар ҷабҳа ғалтид. Вақте ки шахс аз дохили қатораи равон ба гирду вана менигарад, ҳама чиз аз пеши назараш мегузарад. Ҳангоми ҳаракат ба ҷабҳа ӯ анбуҳи одамонро медид, ки сарсону саргардонанд. Онҳо нафароне буданд, ки аз шаҳру деҳоти валангорру оғуштаи ҷанг то ба ин макон расида буданд.

 

Лаҳза

Боре ҳангоми суҳбате родмарди Ватан Бозор Нағзибеков лаҳзаи аҷиберо ба ёд овард: - Ҳини ҳаракат ба фронт, дар ҳудуди Россия, дар истгоҳи хӯрдакаке воқеаро дидам, ки то ҳол аз хотирам нарафтааст. Дар аснои рафтан ногаҳон қатора аз ҳаракат бозмонд. Ман, ки роҳбарии як вагонро бар зимма доштам, аз қатора поин шудам, то бифаҳмам, ки сабаб чист.

Чашмам ба ду кӯдаки 8 – 10 сола бархӯрд, ки аз шиддати сармо дарақ – дарақ меларзиданд. Наздашон рафтам. Маҷоли чап задан надоштанд. Фаҳмидам, ки гуруснаанд. Давида ба вагон рафта, як буханка хлеб ва як қуттӣ консерва оварда, ба кӯдакон додам ва ба ҳафт пушти фашистони малъун нафрин фиристодам.

Ҳамин хел, онҳо ба макони ниҳоӣ расиданд. Омодагии ҳарбиро дар вилояти Оренбург гузашт. Ӯро ба қисми таъминотии артиш вобаста карданд…

 

Поёни хидмат

Пас аз чаҳор соли хидмат, моҳи октябри соли 1947 ҷавоб шуд. Роҳ ба сӯи Ватан бас гуворо буд. Бо сабаби он ки корманди комсомол буд, дар Сталинобод (ҳозира Душанбе) аз қайди КМ ЛКСМ Тоҷикистон гузашт. Ӯро ба ихтиёри кумитаи комсомоли собиқ вилояти Ғарм сафарбар намуданд. Ӯро мақомоти вилоят ба ноҳияи Қалъаи Лаби об (ҳоло Тоҷикобод) фиристоданд. Комсомолони ноҳия ҷанговари ташаббускору меҳнатқаринро котиби якуми комсомоли ноҳия интихоб карданд. Ва ӯ то соли 1949 адои вазифа намуд.

Ду сол Бозор Нағзибеков дар бартараф кардани оқибатҳои заминларзаи Ҳоит ширкати фаъолона дошт. Ҳамон овон вай дар миқёси вилоят ҷавонони зиёдеро тарбия намуда, ба кори комсомолӣ ҷалб намуд.

 

Партшкол

Ҳамон сол ӯро ба Макбати олии ҳизбии КМ ҲК Тоҷикистон, ба Сталинобод роҳхат доданд. Ӯ пайи ғанӣ гардондани савияи дониши хеш кӯшиш ба харҷ дода, соли 1951 мактабро бомуваффақият хатм кард.

Ба наздикӣ аз амаки Бозор пурсидам, ки чун соли 1945 ба пойтахт, ба мактаби ҳизбӣ омадед, чи ҳиссиёте шуморо фаро гирифт. Медонам, ба чӣ мурод мепурсӣ. Сталинобод (ҳозира Душанбе) мисли як маркази ноҳияи имрӯза, ҳатто ба посёлкаҳои имрӯза монандӣ шабоҳат дошт…

Аммо, ба ҳар навъе ки набошад, пойтахти як Ҷумҳурии мустақил буд. Баъдан, ифтихор мекардам, ки мани камбағалбачаро ба «партшкол» - ба мактаби ҳизбии КМ Тоҷикистон раҳнамун сохтанд. Ин мояи ифтихор буд…

Аз ҳамсабақон ҳизбиат киҳо дар хотири шумо мондааст, таҳпурсӣ мекунам. Ҳамӣ ҳоли фомили як нафар ба ёдам омад. Як ҳамкурси кӯлобӣ доштем, Султон Кабиров, баъд раис буд, дар ноҳияи Арал (ҳозира Восеъ). Бисёр ҷавони шӯху зиндадил, ташкилотчӣ ва дасткушод буд. Афсӯ, ки бармаҳал вафот кард ва ба шунидам сенздаҳ фарзандро бар дӯши ҳамсараш боқӣ монд…

Кумитаи марказии комсомол Бозор Нағзибековро ба сифати котиби кумитаи комсомоли вилояти Ғарм ба кор фиристод. Вай ду сол дар ин вазифа аз таҳти дил заҳмат кашид. Дар ин давра вай дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми арзандаи хешро гузошт.

  

Пойтахт

Моҳи сентябри соли 1953. Бозор Шодмоновичро мудири шуъбаи ҳизбии ноҳияи Сталинобод таъйин карданд. Ҳамин тавр ӯ сокини пойтахти кишвари тоҷикон шуд. Қобилияти хуби роҳбарӣ ва ташкилотчигии ӯро ба инобат гирифта, соли 1959 директори фабрикаи қаннодии шаҳри Сталинобод таъйинаш карданд. Замони фаъолият дар ин коргоҳ ба тарбияи мутахассисони ҷавон диққати махсус медод. Ҷавонони болаёқатро ба корҳои роҳбарӣ пешбарӣ намуда, дар тарбияву сабзиши онҳо саҳм мегирифт. Кумаки хешро ба онҳо дареғ намедошт. Аз ин рӯ, як зумра кормандони муассиса худро шогирдони Бозор Нағзибеков меҳисобанд.

 

Чойхонаи «Роҳат»

Соли 1963 Вазорати саноати маҳаллии ҷумҳурии Тоҷикистонро барҳам доданд. Фабрикаи қаннодии шаҳр ба тобеияти Комбинати нони Душанбе гузашт. Бозор Нағзибековро ҳамон сол директори чойхонаи «Роҳат» таъйин карданд ва ӯ се сол дар ин вазифа фаъолият намуд.

Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе номзадии ӯро ба вазифаи сардори шуъбаи таъминоти трести хӯроки умумии ноҳияҳои Марказӣ (ҳоло Фирдавсӣ) ва Фрунзе (ҳоло Сино) – и пойтахт пешниҳод намуд. Ва ӯ соли 1966 ба ин вазифа таъйин гардид. Бо омадани ӯ ба ин муассиса кор рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Трест ғолиби мусобиқаҳои сотсиалистӣ шуд. Дар ин вазифа сарбози собитқадам 26 сол заҳмат кашид.

 

Заводи нони №4

Бозори Нағзибек қариби нуҳ сол (1991 – 1999) ба сифати муовини директори заводи нони №4 – и Душанбе адои вазифа намуд. Дар айни ҷӯшу хурӯши нобасомони солҳои 90 - уми мисли қисме аз калонсолон гӯшанишиниро ихтиёр накард. Дар байни мардум буд, дар сурати зарурат ба ҷавонон маслиҳатҳои муфид медод. Насиҳат медод, ки ба ҳаракатҳои номатлуб дода нашаванд, баҳри осоишу низом ва тартибот кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Тӯли ин муддат амаки Бозор ягон рӯз ҷойи корашро тарк нагуфтааст. Солҳои аввал пайи таъмини аҳолӣ бо нон дар корхона шабро рӯз мекард. Ба рӯзҳои нек умед баст ва ин орзуяш ҷомаи амал пӯшид. Моҳи ноябри соли 1992 иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар хотираш сахт нақш бастааст. Сарбози диловар мегӯяд, ман аз ҳамон лаҳза нафаси осуда кашидам. Дар симои сарвари ҷавони Тоҷикистони азиз боварӣ ба фардои некро дидам. Хушбахтона, таи 30 соли истиқлол ба дастовардҳои наҷибе комёб гаштем. Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷикон сулҳ овард, ки он неъмати Худододист.

 

Хонавода

Бозор Нағзибеков дар оила низ падари боэътимод ҳаст. Ҳамроҳи ҳамсараш – холаи Чинигул Расулова 6 фарзанди хешро нағз тарбият намуда, ба воя расонданд, соҳибмаълумоту хонадор карданд. Меҳринисо, доктори илмҳои филология, профессор, мудири кафедраи забони русии ДМТ аст. Файзинисо табиб, сардухтури комиссияи муоинаи тиббии ВКД ҶТ мебошад. Зебунисо, Назаршо ва Моҳитобон аз рӯи маълумот иқтисодианд ва алҳол ба соҳибкорӣ шуғл меварзанд.

Ба қавли худаш аз набераҳо бой ҳаст. Беҳруз, Рустам устои компутар Аъзам танзимгар, Шаҳноза донандаи компутар, Гулпарӣ духтури дандон, Таҳмина журналист, Пулод устои телефонҳо мебошанд.

Амаки Бозор аз зиндагии хонаводагӣ, фарзандону набераҳо қаноатманд аст. Зеро ҳар яке аз онҳо обруманду дар ҷамъияти имрӯзӣ мавқеи устувори хешро соҳиб гаштаанд.

 

Давлати пирӣ

Аз соли 1999 аъзои шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе аст. То ба ҳамин наздикиҳо вай пайи беҳбуди зисту зиндагии собиқадорони ҷангу меҳнат талош меварзид. Мекӯшид, аз ҳолу аҳволи собиқадорони ҷангу меҳнат доимо воқиф бошад. Заҳмати Бозор Нағзибеов аз ҷониби ҳукумати давр бо чандин ордену медалҳо ва ифтихорномаҳо қадр шудааст.

Сарбози диловар пири барнодил 19 ноябри соли равон 95 сола мешаванд. Ӯ 68 сол аст, ки сокини комилҳуқуқи шаҳри Душанбе аст. Шод аз рӯзгори осоиштаву ором аст. Аз меҳрубониву ғамхориҳои фарзандону пайвандон хушманд мебошад. Ҷигарбандонаш марҳами дили ӯянд…

 

Умари ШЕРХОН

11.11.2021

 

   

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter