ХАБАРИ ДОҒ

 ДУ ШАХСИЯТЕ, КИ ДУНЁРО ЛАРЗОНДАНД

«Барои наҷоти давлат як одами бузург кифоя аст»

(Волтер)

АСОС

Барои журналисти ҳирфаӣ, бобати пешниҳод ё пешгирии ин ё он мавзуъ, қаҳрамон, хоҳ таърифию хоҳ танқидӣ баҳона (сабаб, асосе) даркор меояд. Бе фарқ, он матлаб хоҳ дар тавсифи худӣ бошад ва ё хайр.

Ин карат асоси муътамад пайдо намудем. Кадомин шахсият дар ин рӯзҳо, возеҳтараш ҳамин ҳафта ба дунё омадаанд. Ва аз он миён, рафтем сари мавзуи ду шахсияти оламшумул, ки дар асри ХХ рух намудаву бо падид омаданашон дар ақсои олам шӯру шаре барангехтанд. Аввалиро ному насаб Ленин Владимир Илич, доҳии пролетариати ҷаҳон, дувумиро Гитлер (Шиклгрубер) Адолф мебошад.

Аз он ваҷҳ, ки зодаву парвардаи даврони Ҳукумати Советӣ (СССР) ҳастам, аввалӣ - Владимир Илич Ленин бароям дӯсту бузургвор (ҳамчунон барои миллионҳо нафар сокинони дунё низ), дувумӣ Адолф Гитлер душман, ситамгар, ғаддор маҳсуб меёбанд.

 ***

ЛЕНИН

Аз хурдӣ дар бораи асосгузори давлати Советӣ В. И. Ленин (Улянов) бисёр хондаву шунидаем. Зеро акси Володяи хурдакак дар китоби «Алифбо» - и барои синфи 1 мақом дошт. Хуллас то соли 1991, то замони барҳам рехтани давлати абарқудрати Шуравӣ дар борааш мехондему медонистем. Аммо баъди аз байн рафтани давлати СССР оҳиста – оҳиста омӯзиши ҳаёту фаъолияти Ленин аз барномаи мактабҳои миёна, ҳунаристону донишгоҳҳо бардошта шуданд. Бо гузашти беш аз 30 сол бисёр маълумот аз хотираҳо зудуда гаштанд. Аз ин рӯ, нахуст ба қомусҳо рӯ овардем. Инак шингиле аз рӯзгори ин одами наҷиб.

Владимир Ленин 22.4.1870 дар Симбирск, Уляновск ба дунё омадаву 21.1.1924 фавтида, то ҳол ҷасади ӯ дар назди девори Қасри Кремли шаҳри Москва маҳфуз дошта мешавад. Ӯ ҳамагӣ 54 сол умр дида, дар дунё давлати абарқудрату паҳноварро созмон додаву роҳаташро надид. 

Ин ҷо дар хусуси чи хел ва бо ёрдами киҳо коммунистони советӣ ҳукумати подшоҳии Русро шикастанд намеафзоем. Ҳукумати нав, ҳукумати коргару деҳқон – пролетарҳо унвон гирифт. Ва онҳо шиори ёдмоне доштанд:

«Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!» (Пролетар - раияти Рими Қадим, ки ба табақаи нодорону бебизоатон тааллуқ дошт).

Баъди Инқилоби Сотсиалистии Октябр, соли 1917, кишварҳои бузурги давр - Британияи Кабир, ИМА, Фаронса, Япония, Германия солҳои зиёд «давлати болшевикии россияро» эътироф намекарданд… 

Иттиҳоди Шуравӣ (СССР) соли 1922 таъсис ёфт ва каме баъдтар (соли 1929) Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Советии Сотсиалистӣ ба ҳайати СССР дохил шуд…

Пас аз вафоти В. И. Ленин кори ӯро ҳамсаф, шогирдаш, шахсияте баргузида Иосиф Виссарионович Сталин (Ҷугашвилӣ) идома дода, аз Россия (баъд СССР) ба қавли сарвазири Англия Уинстон Черчилл: «Ӯ (Сталин – У. Ш.) Россияро ба юғу умоч қабул карда, ба давлати дорои силоҳи атомӣ оварда расонд».

Давлати созмондодаи Ленин дар кураи Замин таъсиргузор ва 70 сол арзи ҳастӣ кард. Баъди ба сари ҳокимият омадани як зумра хиёнаткорони давлатӣ, душманони синфи коргару деҳқон, ба қавли тоҷикон «гаждумони таги бурё» - Горбачёв, Шеварнадзе, Яковлев, Елтсин, Шушкевич ва дигарон теша бар решаи давлати абарқудрат Шуравӣ заданд ва хоку туробашро бароварданд.

 

***

ГИТЛЕР

(Hitler) насаби аслиаш Шиклгрубер, Schicklgruber) Адолф (20.4.1889, Браунау, Австрия - 30.4.1945, Берлин), роҳбари Ҳизби миллии сотсиалистии Германияи фашистӣ, сардори давлати фашистии Германия (1933 - 1945) - ро ҷинояткори асосии ҳарбӣ унвон доданаш. Гитлер аз Ленин 19 сол хурд будаву ду сол аз аввалӣ зиёд умр дид.

Дар 56 соли ҳаёт ба ҷуз ҷанг, ғасбкорӣ, куштор, суиқасд, ғаддорӣ ва бадӣ кори дигаре карда натавонист.

Дар асрҳои ХVII- XXI дар ҷангҳои дохилию бурунмарзӣ даҳҳо миллион одамон қурбони сиёсати ғайриинсонӣ, бехирадию золимии диктаторҳо, системаи капиталистӣ гаштанд. Масалан дар асри ХVI дар ҷангҳои қитъаи Аврупо 3 млн, асри ХVII- 5,2 млн, асри ХIХ - 5,5 млн ва асри ХХ дар Ҷанги ҷаҳонии якум доманаи 10 млн нафар одамон маҳв гаштанд.

Ҷанги ҷаҳонии дуюм (1939 - 1945), ки онро Гитлер доман занонд, аз ҷониби фашистони немис шумораи нобудшудагони ин ҷанг ба 50 млн нафар расид. Аз ин ҳисоб 20 млн аз СССР дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 рост меояд. Дар лагерҳои консентратсионии фашистии Гитлер 18 млн одамон нигоҳ дошта мешуд, ки аз онҳо 11 миллионаш аз гуруснагӣ, маризӣ, дар печҳои одамсӯзии фашистӣ ҷон бохтанд…

Гитлер, ин сиёсатмадори бо бадӣ номбароварда чӣ гуна сари тахт омад, пурсид ҷавони навкоре. Гуфтемаш, Гитлер дар давраи Ҷанги Ҷаҳонии якум ефрейтори армияи Германия буд. Соли 1919 яке аз ташкилотчиён, аз соли 1920 Роҳбари ба номи Ҳизби миллии сотсиалистии коргарии Германия 8 - 9 ноябри соли 1923 ҳамроҳи генерал Э. Людендорф дар Мюнхен табадуллоти фашистӣ карданӣ шуд, аммо корашон барор нагирифт.

 

РАЗИЛ

Дар мубориза барои ҳокимият Гитлер аз ҳеҷ гуна разолат сар намепечид. 30 январи соли 1933 Президенти Германия П. Гинденбург Гитлерро рейхсканслер таъин кард. Гитлер баъди вафоти П. Гинденбург тамоми ҳокимиятро ба дасти худ гирифта, Германияро ба лагери яроқноқ табдил дод.

Германияи фашистӣ таҳти роҳбарии Гитлер ба ғасбкорӣ сар кард. Аввал ба Ҷумҳурии Испания (1936 - 1939) таҷовуз карда, баъд соли 1938 Австрия, солҳои 1938 - 1939 Чехословакияро забт ва мамлакатҳои таҷовузкорро муттаҳид намуда, оташи ҷанги дуюми ҷаҳониро (1939 - 1945) афрӯхт. Баъди пурқудрат гаштани ҳокимияташ вай фармони истилои СССР - ро дод. Ҳамин тавр, 22 июни соли 1941, соати чори субҳ, бе эълони ҷанг ба ҳудуди СССР ҳамла овард. Ва ин ҷанг то 9 - уми майи соли 1945 (ҶБВ дар назар аст), бо саркӯб шудани армияи фашистӣ ва Гитлер анҷом пазируфт.

Гитлер ташаббускор ва яке аз ташкилотчиёни ғаддори ба таври оммавӣ маҳв намудани аҳолии осоишта ва асирони ҳарбӣ, ваҳшонияти фашистон дар мамлакатҳои аз тарафи Германия истилогардида ва хусусан дар ҳудуди забтшудаи СССР буд.

Гитлер аз тарс дар арафаи тамомшавии ҷанг – 30 апрели 1945 худкушӣ кард. Ва бо ҳамин аҳолии ҷаҳон аз ғояҳои фашистӣ то ба чанд даҳсола дар амон монданд.

 

 

У. АЛӢ

19.4.2022   

     

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter