ХАБАРИ ДОҒ

Аз озодии Брест то таъсиси Алфа

  • Ҷумъа, Июл 28 2017


28.07.1944.Артиши Шӯравӣ шаҳри Брестро аз нерӯҳои олмонӣ озод кард. Ин шаҳр дар таърихи ҶБВ бо қалъаи худ машҳур шуд ва унвони қаҳрамоншаҳрро соҳиб гардид. Мудофеони қалъаи Брест тӯли 1 моҳ алайҳи немисҳо муқовимат карданд ва баъди фатҳи он шахсан Адолф Гитлер бо ҳамроҳии Муссолини аз ин қалъа дидан намуд.

28.07.1957.Дар Маскав фестивали VII-уми байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯён доир гардид. Дар ин фестивал 34.000 ҷавонони донишҷӯ аз 131 кишвари дунё ширкат варзиданд ва ин аввалин чорабинии байналмиллалии ҷавонон дар СССР ба шумор меравад.
28.07.1984.Дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА бозиҳои XXIII-уми олимпӣ ифтитоҳ гардиданд. Ин бозиҳои Олимпӣ аз ҷониби кишварҳои сотсиалистӣ таҳрим шуд ва варзишгарони ин кишварҳо дар ин бозиҳо ширкат наварзиданд. Бозиҳо бе иштироки варзишгарони шӯравӣ бо бартарии комили соҳибони майдон анҷом ёфтанд. Амрикоиҳо дар ин бозиҳо аз ҳама зиёд мукофот ба даст оварданд. Инчунин, дар ин бозиҳои Олимпӣ аввалин салби салоҳият (дисквалификатсия)-и варзишгар бо сабаби истеъмоли допинг ба вуқӯъ пайваст. Варзишгари фин Марти Вайнио ба ин хотир аз мукофоташ маҳрум карда шуд.
28.07.1988.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба баргузории гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар ҷамъомадҳои оммавӣ расман иҷозат дода шуданд.
29.07.1974. Дар СССР бо фармони раиси КГБ-Юрий Андропов гурӯҳи зудамали "Алфа" таъсис дода шуд. Сабаби асосии таъсиси ин гурӯҳ амалиёти террористии фаластиниён дар бозиҳои Олимпии Мюнхен гардид. Фаластиниҳо дар Мюнхен дастаи олимпии Исроилро гаравгон гирифта буданд.
30.07.1937. Дар СССР сегонаҳои фавқулодда (черезвычайная тройка)-и НКВД ҳуқуқи баровардани ҳукми қатлро барои "душманони халқ" соҳиб гардиданд.
31.07.1956. КМ ҲКИШ қарор оид ба рушди сохтмони манзил дар СССРро ба тасвиб расонид. Тибқи ин қарор дар Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, ки бо "хрушевкаҳо" маъруфанд, оғоз гардид. "Хрушевкаҳо" дар муддати бисёр кӯтоҳ сохта мешуданд, аммо аз сифат ва кайфияти волое бархурдор набуданд.
1.08.1914. Олмон ба Русия ҷанг эълон кард. Оғози Ҷанги ҷаҳонии аввал.
1.08.1939. Дар Маскав, пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ Намоишгоҳи умумииттиҳодии хоҷагии қишлоқ (ВДНХ) ифтитоҳ гардид.
2.08.1930. Дар СССР ҳангоми машқҳои ҳарбии округи Маскав аввалин бор дар ҷаҳон десанти ҳавоӣ фароварда шуд. Баъдан ин рӯз дар аввалин кишвари Шӯроҳо чун Рӯзи неруҳои десантӣ ҷашн гирифта мешуд.


М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter