ХАБАРИ ДОҒ

Аз таъсиси “Милиция” то қатли 26 комиссар!

  • Панҷшанбе, Сен 14 2017


14.09.1917. Инқилоби февралӣ ҳукумати подшоҳиро дар Русия сарнагун кард ва Ҳукумати муваққат Русияро ҷумҳурӣ эълон намуд.

16.09.1941. Нерӯҳои Артиши Сурх бо фармони сарфармондеҳи олӣ шаҳри Одессаро тарк карданд. Одесса ба тасарруфи руминҳо даромад ва онҳо 3 сол дар ин шаҳр фармондеҳӣ карданд.
17.09.1922. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин консерти радиоӣ доир гардид. Навор-ролики аввалин консертро "Радиёи Маскав" пахш кард.
17.09.1932. Дар СССР бо қарори Раёсати Кумитаи Марказии Иҷроия ва ташаббуси Максим Горкий Институти адабиёт таъсис дода шуд. Институт номи М.Горкийро гирифт ва ва солҳои тӯлонӣ яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои адабиётшиносии СССР маҳсуб меёфт.
17.09.1932.Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ ташкилоти комсомолии РСС Украинаро барои саҳмгузориаш дар сохтмони Днепрогэс бо ордени Ленин қадр намуд.
17.09.1941. Дар СССР тайёрии ҳатмии ҳарбӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд. Яке аз сабабҳои асосии ин кор Ҷанги Бузурги Ватанӣ гардид.
17.09.1959. Ҳукумати коммунистии Куба 131 руҳонии маъруфи Кубаро аз кишвар бадарға кард.
18.04.1934. СССР шомили Лигаи Миллатҳо гардид. Лигаи Миллатҳо он замон нақши Созмони Милали Муттаҳид (ООН)-ро бозӣ мекард. Албатта аввалин кишвари Шӯроҳо барои ҷанг бо Финляндия баъди чанде аз Лигаи Миллатҳо хориҷ карда шуд.
18.09.1973. СММ ҳар 2 қисми Олмонро чун 2 кишвари мустақил ГДР ва ФРГ ба узвияти ин ташкилот даровард.
19.09.1922. Дар СССР маҷаллаи "Советская милиция" таъсис дода шуд. Он асоситарин нашрияи милисаи шӯравӣ ба шумор мерафт.
19.09.1946. Ҳукумати шӯравӣ барои бозгардонии дороиҳои колхозӣ комиссияи махсус оид ба корҳои колхозиро таъсис дод. Дар солҳои ҶБВ дар ғарби кишвар колхозчиён моликияти колхозиро шахсӣ карда буданд ва Маскав мехост ҳарчи зудтар ин дороиҳоро ба колхозҳо баргардонад.
20.09.1918. Куштори 26 комиссари бокуӣ. Ин комиссарон дар Боку-пойтахти Озарбойҷон аввалин ҳукумати коммунистиро роҳандозӣ карданд, аммо нерӯҳои англисӣ баъди чанде Бокуро тасарруф намуда, ин ҳукуматро сарнагун намуданд. Комиссарон асир гирифта шуданд ва англисҳо онҳоро ба қатл маҳкум карданд.
21.09.1949. Роҳбари комунистони чинӣ-Мао Дзедун Ҷумҳурии Мардумии Чинро созмон дод.


М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter