ХАБАРИ ДОҒ

Аз ҳабси Телман то супориши НКВД

  • Чоршанбе, Март 07 2018


3.03.1918. Русияи шӯравӣ ва Олмон сулҳи Брестро ба имзо расониданд. Тибқи ин сулҳнома болшевикон ба Олмон ҳудуди зиёди Украина ва Белоруссияро ҳадя карда, ба немисҳо товони бузурги ҷангӣ пардохт намуданд.
3.03.1933. Фюрери олмонӣ Адолф Гитлер дар шаҳри Потсдам таъсиси Рейхи саввумро ба ҷаҳониён эълон намуд ва худи ҳамон рӯз пулиси олмонӣ роҳбари коммунистони немис-Эрнст Телманро ба ҳабс гирифт.

3.03.1944. Баъд аз таслими Итолиё президенти ИМА Франклин Рузвелт эълон намуд, ки киштиҳои ҳарбии ин кишвар баробар миёни ИМА, Англия ва СССР тақсим карда мешаванд.
3.03.1992. Оғози ҷанги шаҳрвандӣ пас аз пошхӯрии СССР дар Босния ва Гертсеговин. Ин ҷанг яке аз хунинтарин даргириҳо дар қораи Аврупо маҳсуб меёбад ва қурбониҳои зиёдеро ба ҷой гузошт.
4.03.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР Шӯрои Олии ҳарбиро бо сарварии Лев Давидович Тротский таъсис дод. Ин Шӯро олитарин ниҳоди ҳарбӣ дар РСФСР ба ҳисоб мерафт ва замони ҷанги гражданӣ аз аҳамияти махсус бархурдор буд.
4.03.1990.Дар СССР аввалин интихоботи озоди вакилони мардумӣ доир шуданд.
5.03.1923. Владимир Илич Ленин ба Лев Тротский супориш дод, ки коммунистони гурҷиро аз иттиҳомоти Сталин муҳофизат намояд.
5.03.1940. Сарвари НКВД (Народный комиссариат внутренних дел) Лаврентий Берия супориш дод, ки 25.700 афсарони поляк ва намояндагони дигари қишри буржуазӣ парронда шаванд. Баъд аз чанде ҳамаи ин ашхос дар бешаи Катин, аз ҷониби кормандони НКВД қатл шуданд.
5.03.1946. Сарвазири Англия Уинстон Черчилл хатти тақсими Аврупоро "садди оҳанин" муаррифӣ кард ва ҷанги сарди тӯлонӣ алайҳи СССР оғоз гардид.
5.03.1953. Даргузашти Иосиф Виссарионович Сталин (Ҷугашвили). Сталин яке аз ходимони барҷастаи давлатӣ, сиёсӣ ва ҳарбии СССР маҳсуб меёфт ва зиёда аз 30 сол ба аввалин кишвари Шӯроҳо сарварӣ кард.
5.03.1956. Дар рафти Анҷумани ХХ-уми Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Раёсати Кумитаи Марказии ҲКИШ қарор дод, ки тамоми коммунистон ва комсомолонро ба баромади ГенСеки СССР-Никита Сергеевич Хрушёв оид ба шахспарастии Сталин шинос кунанд.
6.03.1918.Оғози Анҷумани VIII РСДРП (б). Дар ин Анҷуман болшевикон ҳизбашонро тағйири ном дода, аз ин ба баъд, ҳизби коммунист РКП(б) ном гирифт.
6.03.1967. Светлана Аллилуева-духтари Иосиф Сталин ба сафорати ИМА дар Деҳлии Ҳиндустон муроҷиат ва аз амрикоиҳо паноҳҷӯии сиёсӣ тақозо кард.
7.03.1954. Хоккейбозони шӯравӣ бори аввал Ҷоми ҷаҳонии хоккейро ба даст оварданд. Дар финал бозингарони шӯравӣ дастаи яккачини Канадаро бо ҳисоби 7:2 мағлуб намуданд.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter