ХАБАРИ ДОҒ

Аз дафни Гитлер то таъсиси колхоз

  • Душанбе, Март 26 2018


13.03.1964. Бо қарори раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ Вазорати бехатарии давлатӣ (МГБ) ба Кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ) тағйири ном кард.
13.03.1970. Сарвари КГБ-и СССР Юрий Владимирович Андропов фармон дод, ки ҷасади Адолф Гитлер ва Паул Йозеф Геббелс-2 раҳбари асосии Рейхи саввум махфиёна дар шаҳраки ҳарбии Магдебурги Олмони шарқӣ дафн карда шуда буданд, нест карда шаванд.

13.03.1992. Бори аввал дар таърихи мавҷудияти худ нашри рӯзномаи "Правда" мутаваққиф гардид. Таваққуфи иҷбории "Правда" ба масъали молӣ рабт дошт ва коммунистон баъди чанде бо кӯмаки спонсорҳои хориҷӣ чопи рӯзномаро идома доданд.
14.03.1917.Шӯрои Петроград фармони №1-и худро интишор дод. Ин фармон тартиботи демократиро дар артиши Руссия ҷорӣ мекард.
14.03.1918. Артиши немисӣ шаҳри Одессаро ба тасарруфи худ даровард. Ҳуҷуми бе мамониати немисҳо ба ҳукумати болшевикӣ хатари ҷиддӣ дошт ва худи ҳамин рӯз Анҷумани Умумируссиягии Шӯроҳо созишномаи сулҳи Брестро тасдиқ кард.
15.03.1881.Қатли император Александри II. Александри 2 тавассути дастаи инқилобиёни чапгаро дар пойтахти Русия-шаҳри Санкт-Петербург ба қатл расонида шуд.
16.03.1917.Князи бузург Михаил Александрович, бародари император-Николайи II аз тоҷу тахт ба фоидаи Маҷлиси муассисон даст кашид.
16. 03.1927.Дар СССР бо қарори махсуси Шӯрои Комиссарони Халқӣ колхозҳову совхозҳо таъсис дода шуданд.
18.03.1918. Кишварҳои Антанта иброз доштанд, ки созишномаи сулҳи Брестро эътироф намекунанд.
18.03.1918. Бо қарори махсуси ШКХ тамоми рӯзномаҳои буржуазии шаҳри Маскав баста шуданд ва роҳбаронашон таҳти таъқиби сахт қарор гирифтанд.
18.03.1920. Бо Декрети Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Комиссияи фавқулоддаи Русия (ВЧК) ҳуқуқ пайдо кард, айбдории тамоми афроди шубҳанокро, ки тафтишот собит накардааст, ба муҳлати то 5 сол, дар лагерҳои меҳнати маҷбурӣ нигаҳдорӣ кунанд.
18.03.1946. Дар СССР нақшаи 5-солаи 4-ум қабул карда шуд. Тибқи ин нақша, аввалин кишвари Шӯроҳо мебоист ба дараҷаи пешазҷангии истеҳсолот мерасид.
19.03.1934.Совхозчии шӯравӣ Митрофан Никитин ҳангоми боздид аз Мавзолей ҷасади мумиёшудаи доҳӣ Владимир Илич Ленинро аз таппонча тирборон кард.
20.03.1926.Роҳбари вақти Чин-Чан Кайши тамоми коммунистони шӯравиро аз кишвараш ронд.
18.03.1938.Дар вилояти Ленинград аз ҳисоби ҳавонавардоне, ки дар Испания ҷангида буданд, полки махсуси ҳавоӣ созмон дода шуд. Полки 19-и қиркунандаи ҳавоӣ мебоист амалиётҳои махсусро ба анҷом мерасонд ва баъдан, дар рафти ҶБВ яке аз беҳтарин қисмҳои ҳавоии Артиши Сурх гардид.
18.03.1965. Кайҳоннаварди шӯравӣ Алексей Леонов аввалин баромади инсонро ба фазои кушоди кайҳонӣ амалӣ кард. Ӯ аз киштии кайҳонии "Восход-2" берун омад ва 1 метр дуртар аз киштӣ, дар фазои озоди кайҳонӣ қарор гирифт.
19.03.1922.Доҳии болшевикон В.Ленин дар мактуби махфии худ ба Бюрои сиёсӣ аз аъзои он даъват кард, бо рӯҳоният муборизаи беамон баранд ва дар ҳолати зарурӣ аз қатли онҳо ҳам сарфи назар накунанд.
20.03.1988.Кумитаи вилоятии ҲКи Қарабоғи Кӯҳӣ бо қарори худ ин вилоятро ба Арманистон ҳамроҳ кард.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter