ХАБАРИ ДОҒ

Аз таъсиси ГАИ то парвози ҷосусӣ

  • Чоршанбе, Июл 11 2018


3.07.1936. Дар СССР Бозразии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) таъсис ёфт.
3.07.1948. Ҳукумати Албания аз тамоми шаҳрвандони югославӣ талаб кард, то оҷилан кишварро тарк кунанд. Ин талабот баъди муташанниҷ шудани муносибати Югославия бо СССР ба миён омад. Роҳбари коммунистони Албания Анвар Хоҷа, дар муноқиша миёни маршал Тито ва Иосиф Сталин, тарафи Сталинро гирифт.

3.07.1956. Президенти ИМА Дуайт Эйзенхауэр парвози тайёраҳои ҷосусии амрикоиро аз болои фазои ҳавоии СССР иҷозат дод. Тайёраҳои ҷосусии "У-2", ки дар баландии зиёд парвоз мекарданд, он шабу рӯз барои нерӯҳои зиддиҳавоии шӯравӣ дастнорас буданд. Ин вазъият то 1.05.1960 идома дошт ва бо суқути ҳавопаймои Фрэнсис Пауэрс ба поён расид.
4.07.1920. Дар СССР аввалин Театри давлатии кӯдакон ифтитоҳ ёфт. Ин театр аз ҷониби коргардони ҷавон-Наталия Саци 17-сола роҳандозӣ шуд.

4.07.1946. Шаҳри Кёнегсберг ба Калининград тағйири ном кард. Кёнегсберг яке аз шаҳрҳои қадимии немисҳо ба шумор мерафт ва баъди ҶБВ ба ҳайъати СССР шомил карда шуд.
5.07.1978. Кумитаи давлатии Бехатарии СССР (КГБ) аз тобеъияти Шӯрои Вазирони СССР бароварда шуд. Чекистони шӯравӣ аз ин ба баъд бевосита ба Бюрои сиёсӣ итоат мекарданд.
6.07.1945. Амрикоиҳо дар Олмон амалиёти махфии "Ҳиҷоб"-ро шурӯъ карданд. Ҳадафи асосии амалиёт интиқоли пинҳонии мутахассисони собиқи Рейхи саввум, хусусан, олимони физикдон ба ИМА буд.
7.07.1938. Пахши аввалин барномаи телевизионӣ дар СССР. Ин барнома аз консерти дусоата иборат буд, ки аз ҷониби маркази таҷрибавии телевизионии шаҳри Ленинград пахш карда шуд.
7.07.1989. Дар нишасти машваратии сарони кишварҳои сотсиалистӣ дар ш.Бухарест роҳбари СССР Михаил Горбачев гуфт, ки кишварҳои сотсиалистӣ метавонанд роҳи мустақими рушди худро пеша кунанд.
8.07.1916. Ҳукумати подшоҳии Русия қарори сафарбаркунии маҷбурии аҳолии Осиёи Миёнаро барои корҳои ақибгоҳӣ ба имзо расонид. Тибқи ин қарор 400.000 аҳолии Осиёи Миёна мебоист ба ғарби Русия интиқол меёфтанд. Ин қарор норозигии аҳолии маҳаллиро ба миён овард ва мардум даст ба шӯриш заданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон низ шӯриши мардумӣ алайҳи ин қарор ба вуқӯъ пайваст.
9.07.1941.Коллегияи ҳарбии прокуратураи СССР олими маъруф, генетики барҷаста Николай Вавиловро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Англия ба қатл маҳкум намуд.
9.07.1957. Дар илми шимӣ унсури 102-юми ҷадвали кимиёии Менделеев кашф гардид. Ин унсур нобелий номгузорӣ гардид.

Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter