ХАБАРИ ДОҒ

Аз парвоз ба Помир то таъсисёбии СММ

  • Чоршанбе, Окт 07 2020

2.10.1929. Парвози ҳавоӣ бо хатсайри Тошканд-Душанбе-Ғарм-Хоруғ. Бо ин парвоз ҳавонавардони шӯравӣ роҳи ҳавоӣ ба Бадахшонро ифтитоҳ бахшиданд.

2.10.1936. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ мӯҳлати ниҳоии ҷазои ҷиноӣ, аз 10 то 25 сол зиёд карда шуд.

2.10.1940. Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олӣ, Захираҳои давлатии корӣ таъсис дода шуданд.

2.10.1944. Артиши олмонӣ дар Варшава, шӯриши аҳолии шаҳрро саркӯб намуд. Ин шӯриш 1 августи соли 1944 оғоз гардида, дар натиҷаи он, зиёда аз 250 000 полякҳо ба ҳалокат расиданд.

3.10.1924. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи рӯномаи "Газетаи муаллимон" ба нашр расид. Ин рӯзнома солҳои тӯлонӣ асоситарин минбари муаллимони шӯравӣ ба шумор мерафт.

3.10.1968. Дар СССР аввалин парвози тайёраи мусофирбарӣ "Ту-154" анҷом ёфт. Ин тайёра аз ҷониби ОКБ Туполев сохта шуда, яке аз асоситарин тайёраҳои мусофирбар дар собиқ Иттиҳод ба шумор мерафт.

3.10.1993. Дар пойтахти Русия, шаҳри Маскав муқовимати тарафдорони Елтсин ва Шӯрои Олии ин кишвар ба задухӯрди ошкор мунҷар гардид. Тарафдорони Шӯрои Олӣ ҳалқаи муҳосираи Қасри сафедро рахна карда, бинои шаҳрдории Маскавро ишғол намуданд.

4.10.1921. Дар Русияи Шӯравӣ Бонки давлатӣ (Госбанк) таъсис дода шуд.

4.10.1957. Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин радифи маснӯъии Заминро ба фазои кайҳонӣ партоб кард.

4.10.1991. Сарони тамоми ҷумҳуриҳои СССР, ғайр аз роҳбарони ҷамоҳири Назди Балтик, созишномаи ҳамкории иқтисодиро бо ҳам ба имзо расониданд.

4.10.1992. Конфедератсияи халқҳои Қафқоз, аз Русия ва Гурҷистон талаб намуд, то соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Чечен, Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро ба расмият бишносанд.

 

4.10.1993. Президенти Русия Борис Елтсин барои иҷрои фармони худ, бобати пароканда кардани Шӯрои Олии ин кишвар, ба Маскав нерӯҳои танкиро ворид кард, ин нерӯҳо бинои Шӯрои Олиро мавриди ҳамла қарор доданд.

5.10.1938. Дар СССР бо иттиҳоми заҳролуд кардани нависанда Максим Горкий, яке аз табибони варзидаи рус Дмитрий Плетнев ба ҳабс гирифта шуд.

5.10.1952. Дар Маскав Анҷумани XIX-уми ВКП(б) ба кори худ оғоз намуд. Дар рафти ин Анҷуман, номи ҳизби болшевикӣ тағйир дода шуда, акнун КПСС (ҲКИШ) номгузорӣ гардид.

5.10.1991. СССР аввалин созишномаи ҳамкориро бо Хазинаи байналмиллалии асъор (МВФ) ба имзо расонид.

5.10.1993. Президенти Русия Борис Елтсин фаъолияти тамоми ҳизбҳо ва рӯзномаҳои мухолифро дар қаламрави Русия мамнӯъ кард.

 6.10.1922. Пленуми КМ РКП(б) бо қарори худ, шакли муттаҳидшавии ҷумҳуриҳои шӯравиро ба тасвиб расонид.  

6.10.1948. Заминларзаи шадид дар пойтахти Туркманистон, шаҳри Ашхобод. Заминларзаи мазкур нисфи шаб, бо шиддати 9 дараҷа ба вуқӯъ пайваста, харобии зиёд ба бор овард.

7.10.1944. Дар шаҳри Думбартон-Окси ИМА конфронси кишварҳои бузург доир гардид. Дар ин конфронс намояндагони СССР, ИМА, Бритониё ва Чин, қарор доданд Лигаи Миллатҳоро ба Созмони Миллали Муттаҳид тағйири ном диҳанд.

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter