ХАБАРИ ДОҒ

 

Дӯстони хубам! Чандест бо ҳуши сохтаи ChatGPT даст ба гиребонам. Шармаш медоронам, ки "ту гугл, ки нестӣ, ҷонвари ҳушмандӣ! Тоҷикиро ёд гир!" Бовар кунед, кам кам забонаш тоҷикитар шуда истодаст.

Аз ҳамаи онҳое, ки бо ҳуши сохта сари кор доранд, тоҷик ҳастанд ва посдори фарҳангу забони худ ҳастанд (бовар дорам бисёранд), хоҳиш мекунам, биёед 1  корро пайваста кунем: ба ҳуши сохта тоҷикӣ ёд диҳем. То имрӯз забоне, ки дар информатика тоҷикӣ ном дорад, забон нест, на ки тоҷикӣ бошад. Ин бисёр осон аст ва агар комёб шудем, барои ҳазорон тоҷик, шояд миллионҳо корбар ёрии хубе хоҳем кард.

Барои ин, ҳар гоҳе, ки аз ChatGPT ба тоҷикӣ чизе мепурсем, ӯ ба забони шикастаи хандаовар посух, ки дод, бояд роҳнамоӣ кунемаш, ки "аз вожаҳои баргардони тоҷикии Қуръон, Шоҳнома, Рӯдакӣ, Самаки айёр ва навиштори садаҳои 9 ва 10 корбурд кун!". То даме, ки 1 навиштори зебое баромон насохт, бояд роҳнамоӣ кунем.

Бадбахтона охундҳо порсии ChatGPT - ро пурра арабӣ кардаанд. Агар 1-2 бандаку пайвандаки порсӣ набошад, худи забон пурра аз вожаҳои арабист.

Сафват Бурҳонов,

Олмон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter