ХАБАРИ ДОҒ

Чаро Бохтар тоза намешавад?

  • Чоршанбе, Июл 19 2023

 

Иди поки мусалмонӣ ва ҷашни муқаддаси Ваҳдати миллиро сокинон дар чунин ҳолу ҳавои ифлос гузарониданд. Беш аз ним моҳ шуд, ки партовҳоро кормандони хоҷагии манзилию комуналӣ намекашонанд. Вазъи санитарию гигиенӣ то рафт дар маҳаллаҳои аҳолинишин, бозор ва дӯконҳои атрофи он бад мешаваду беҳ не. Умед аст, ки бо ин партовтӯдаҳо ҷашни бошукуҳи Истиқлолро пешвоз намегирем!

Қаблан ҳафтае 2 маротиба рӯзҳои сешанбе ва шанбе партовро аз назди хонаҳои истиқоматӣ мекашониданд. Ҳоло бошад шарм накарда, ҳатто аз масҷидҳо барои сӯзишворӣ пул ҷамъ мекунанд, вале ҳамоно вазъ тағйир намеёбад. Ҳарчанд ҳафтае пеш оид ба мушкилоти мазкур шахсан ба роҳбари ин идора хабар дода будем, аммо ҳамоно бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд.

Касбамон, ки журналист аст аз пушти чунин проблемаҳои майдаву чуйда сокинон рӯз намедиҳанд ва аз кӯча рӯямонро чаппа карда мегузарем. Биёед рафиқон маҷбур накунед, ки пайваста аз камбудӣ гӯем, охир шумо коратонро иҷро кунед то мо аз зебоиҳо низ навишта тавонем!

Амонҷон Маҳкамов,

журналист,

ш.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter