ХАБАРИ ДОҒ

Роҳҳои вайронаи деҳаи мо…

  • Чоршанбе, Июл 26 2023

 

Деҳаҳои Чормағз, Сангова, Пору, Фаррух, Ғофилобод аз маркази шаҳри Роғун 17-20 километр дур ҷойгир мебошанд. Ин мардум чанд аср пеш ин деҳаҳоро обод кардаю боғу роғ карда, умр ба сар бурдаанд. Ин 6 деҳа қариб ҳама 1 қавму авлод мебошанд. Ин мардум бисёр ҳам меҳнатдӯсту меҳмоннавозанд. Онҳо фанду фиребро намедонанд, бо меҳнати ҳалол рӯз мегузаронанд.

Зиндагии ин мардум аз набудани роҳ душвор аст. Мошин 2 маротиба ба ин роҳ равад ҳатман таъмирталаб мешавад. 3 сол пеш мардум ба собиқ раиси шаҳр Музаффар Сулаймонзода шикоят карда буданд. Ӯ супориш дод, ки комиссия ташкил ва заминҳои ин мардумро чен кунанд. Аммо дигар маълум нашуд, ки ин комиссия чи кор кард.

Чунин роҳҳои валангор дар ягон давлати қафомондаи дунё нест. Ҳоло роҳи ш.Роғунро мумфарш доранд, чӣ мешавад, ки бо ҳамин дегу кафлези гарм роҳҳои ин деҳаҳоро ҳам мумфарш кунанд?

Наҷмиддин Худоиев,

ш.Роғун

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter