ХАБАРИ ДОҒ

Танзим не, танзимгар гунаҳкор

  • Чоршанбе, Июл 19 2023

Салом СССР! Кӯшишҳои мунтазам ва пайвастаи давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри камхарҷ гузаронидани расму оин ва анъанаҳои мадумӣ баҳри зиндагии шоиста доштани мардум мебошад. Вале мутаассифона, ашхосе ҳастанд, ки бо ҳар роҳу восита зиёдаравӣ мекунанд, ки ин боиси нигаронӣ аст.

Дар замони Шуравӣ 1 миқдор пул ва либосворию лату путро қалин мегуфтанд. Ҳоло пул мебаранду халос. Барои пулро ба хонаи келиншаванда бурда расондан камаш 2-3 мошин одам аз тарафи домодшаванда ва ҳамчунин аз тарафи арӯсшаванда ташриф меоранд. Ба ин муносибат ҷониби арӯс камаш 1 ҳафта омодагии ҷиддӣ мебинад. Акнун хонандаи азиз худатон қазоват кунед, ки аз 2  ҷониб 25-30 нафар зану мард ҷамъ шуда, барои онҳо 3-4 намуди хӯрока омода мекунанд, ҳол он ки ин гуна хонаводаҳо аксарияташон камбизоат мебошанд.

Магар ин худнамоӣ, исрофкорӣ ва ҷабр нест? Оё намешавад пули қалинро 1 нафар намоянда хапу дам, бе воҳимаю дабдаба бурда, ба ворисони арӯс супорад? Дар чунин ташкилиҳо чорво забҳ нашавад ҳам, ҳазорҳо сомонӣ масрафи беҳуда мегардад. Ин намуди чорабинӣ фарохтар шуда, ба анъана ва мусобиқаи «кӣ зӯр?» табдил ёфта истодааст.

Дар ин ҷо қонуни танзим айбе надорад, ҳар айбе ҳаст дар масъулони танзим аст. Аз ин рӯ, масъулони бахши танзим, раисони ҷамоату вакилони маҳаллаҳоро зарур аст, ки садди роҳи зиёдаравӣ ва мусобиқакуниҳо шуда, корҳои фаҳмондадиҳиро хубтару беҳтар ба роҳ монанд ва нисбати чунин нафарон чораҳои зарурӣ андешанд.

Таваралӣ Авсақолов,

н.Фархор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter