ХАБАРИ ДОҒ

«Бозори иқтисодӣ»-и пашшаҳои Ваҳдат

  • Ҷумъа, Сен 22 2017


Чанде пеш дар шаҳри Ваҳдат будам. Азбаски ҳарорати ҳаво 39-40 дараҷа гарм буд, хостам ба боғи фарҳангӣ-истироҳатияш дарояму дам гирам. Аммо аз бӯи ғализи атрофаш дамам гирифт. Дар ин боғи фарҳангӣ сагҳои дайду дидам, ки ба ҷои одамон «дам» мегирифтанд. Дар қисмати поёнии боғ ахлотпораю партовҳои зиёд ҷамъ шуда, пашшаҳо «бозори иқтисодӣ» барпо кардаанд. Магар ин ҳолатҳои ҳузнангез каллаҷунбонҳои шуъбаи фарҳанг, ШКДи шаҳр ва дигар масъулини дахлдорро ба изтироб намеорад? Ва ё онҳо бо чунин боду ҳаво одат кардаанд?


Ҳокими Сафар,
мухбири мардумии СССР, н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter