ХАБАРИ ДОҒ

Порагирро не, порадеҳро қапед!

  • Панҷшанбе, Дек 28 2017


Барои воқеан ҳам бечуну чаро решакансозии фасод Парлумони моро мебояд ҳар чӣ зудтар дар масъалаи паст кардани коррупсия қарори нави махсус қабул кунад, ки аз порагир дида, бештар порадеҳ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Зеро то он рӯзе, ки порадеҳ ҳаст, порахӯр ҳам боқӣ мемонад. Мушоҳидаҳо гувоҳанд, ки ба хотири ришва додану ришва ситонидан кулли қонуншиканиву зиёдаравиҳо рӯйпуш карда мешаванд. Яъне, қонуни танзим ва дигар қонунҳо дигар дар коғаз мемонанд! Мутаассифона, сол ба сол роҳбарони идораю муассисаҳо 1 иқдоми «нек»-ро ба роҳ мондаанд, ки ҳар моҳ бо ҳар баҳона баҳудаву беҳуда аз зердастон иҷборан пул меситонанд, ки он ба фоидаи роҳбарону зарар ба кисаи зердастон, хоса, коргарони қаториву камбизоатон мешавад. Масалан, идораи сӯхторхомӯшкунӣ муассисаро ҷарима мебандад, вале роҳбари муассиса парвое надорад. Зеро пули ҷаримаро аз ҳисоби зердастонаш барзиёд ҷамъ карда, бо сари «баланд» месупорад. Ҳамин тавр зердастон аз тарси таҳдиду таҳқир ва фишоровариҳо, ба хотири маҳрум нашудан аз маоши ночиз дам фурӯ мебаранду халос.

Табаралӣ Авсақолов,
ноҳияи Фархор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter