ХАБАРИ ДОҒ

Монеаи сунъии “Эсхата”

  • Панҷшанбе, Янв 04 2018


То солҳои қаблӣ майдони ҷойгиркунии терминали мусофирбарии н.Файзобод васеъ буду рӯзе даҳҳо нақлиёти гуногунтамға дар терминал ҷой гирифта, бо навбат ба хатсайри Файзобод-Душанбе, Файзобод-Ваҳдат, Файзобод-Роғун ба сафар баромада, мушкилоти мусофиронро осон мекарданд. Мутасаддиёни терминал васеъ будани замини онро таги чашм карда, ба тағадорону пулдорон фурӯхтанд. Дар ҷои он мағозаҳои шахсӣ ва филиали бонки “Эсхата”-ро сохтанд. Дар натиҷа масоҳати ҷойгиршавии терминал танг шуд, ки ба мақсад аслан мувофиқ нест! Аз набудани ҷойгиршавии воситаҳои нақлиёт ронандагон дар 2 тарафи шоҳроҳи маркази ноҳия мошинҳояшонро ҷойгир кардаанд, ки ба рафтуомади пиёдагардон монеа эҷод мекунанд. Агар гӯем, дар терминал бесарусомонӣ ҳоким аст, хато намекунам.

Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter