ХАБАРИ ДОҒ


Парранда бо умеде лона месозаду онро бо хасу хошок пур мекунад, то фарзандаш дар ҷои нарм ба камол расад. Ва агар лонаи ӯро вайрон кунем, Худо моро намебахшад. Аммо дар хоҷагии калонтарин Корхонаи Воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи А.Назирови Мискинободи н.Файзобод, ки солҳои пеш аз майдони зиёда аз 100 га себҳои хубонӣ ҳосили фаровон мегирифтанд, ҳоло ягон нишоне нест. Корхона 150-300 тонна себу нок ҷамъ оварда, дастурхони аҳолиро ғанӣ мегардонду буҷаи ноҳияро пур. Дар деҳаи Фатҳобод бо айби собиқ директорони хоҷагӣ ва директори нави корхона рафиқ Асоев майдони 1 га боғи ҳосилдеҳро бо баҳонаи «умри себҳои хубонӣ ба охир расида, аз ҳосил мондаанд» санад тартиб дода, буррида решакан кардаанд, ки ба мақсад мувофиқ нест. Дар ҷои дарахтони буридашуда аз рӯи миш-мишҳои мардум ба 4-нафар мансабдорон барои бунёди манзили истиқоматӣ замин ҷудо карда, боз ҳам ба гуфти мардум, Кумитаи заминсозии ноҳия пинҳонӣ сертификат кардааст. Чаро ба оилаҳое, ки дар 1 хонадон 4-5 келин доранд, замини наздиҳавлигӣ намедиҳанд?

Ҳокими Сафар,
ноҳияи Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter