ХАБАРИ ДОҒ

Шикояти Заринаро омӯхтем

  • Панҷшанбе, Май 17 2018


Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нақлиётгаз-2004» дар робита ба андешаи «Хатсайрҳои мо кай боодоб мешаванд?» (СССР, №13(498), 29.03.2018)-и  Заринаи Ғайрат-донишҷӯи курси 4-и ДДОТ бобати мушкилоти хизматрасонии воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии хатсайрҳои сектори хусусии №№2,11,13,22 чунин иттило медиҳад: Роҳбарияти ҶДММ «Нақлиётгаз-2004» 30.03.2018 пеш аз ба хатсайри №11 (маҳаллаи Арбоб-хотун – кӯчаи Ҳусейнзода) сафарбар кардани ронандагони воситаҳои нақлиёт бо иштироки Давлатов Ҷ.Б. муовини аввали директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ҷаласаи корӣ баргузор карда, муҳтавои матлаб, хосса, муомилаи дурушт ва бо овози баланд ҷалб кардани мусофирон аз ҷониби кондукторҳо ва дигар равандҳои ба сатҳу сифати хизматрасонӣ алоқамандро мавриди баррасии амиқ қарор дод. Дар ин самт бобати назорати доимӣ дар хатсайри №11 ба кормандони хурди хизматрасонӣ низ дастур дода шуд. Раванди коҳиш додани камбудиҳо дар фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбарии хатсайри №11 зери назорати доимии роҳбарияти Ҷамъият қарор дорад.

У.Саидов
директори генералӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter