ХАБАРИ ДОҒ


Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и ш.Душанбе оид ба мақолаи «Чаро ба ҷои салла ҳамеша калла мебарем?» (СССР, №5(542), 31.01.2019) иттилоъ медиҳад, ки дар асоси дастуру супоришҳои МИҲД ш.Душанбе бо мақсади кам кардани шиддатнокии ҳаракат, тамбашавии воситаҳои нақлиёт, фароҳамгирии саривақтии мусофирон бо нақлиёти мусофирбар ва боло бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ, баровардани микроавтобусҳои ғунҷоишашон хурди тамғаи Хундай-Старекс аз кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳр аз майи с.2018 шурӯъ шуда, ба ҷои онҳо микроавтобусҳои калонҳаҷми Мерседес-Спринтер ва автобусҳо сафарбар шудаанд, ки дар ин мавзӯъ тариқи ВАО ва сомонаҳои иҷтимоӣ маълумот пешниҳод шуда буд. Воқеан, дар асоси санаду меъёрҳои шаҳрдорию шаҳрсозӣ дар пойтахтҳои мамолики ҷаҳон хизматрасонӣ ба мусофирон тариқи автобусу троллейбус ва трамваю нақлиёти зеризаминӣ ба роҳ монда шудаанд. Ворид шудани тағйирот дар кӯч.Н.Қарабоев дар ҷаласаи назоратии назди муовини Раиси ш.Душанбе сарпарасти соҳа аз 10.01.2019 бо иштироки роҳбарони корхонаҳои коммуналӣ ва ширкатҳои нақлиётӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба роҳбарони хатсайрҳо ҷиҳати таъмини шумораи муқарраршудаи автобусу троллейбусҳо ва назорати онҳо дар кӯч.Н.Қарабоев супоришҳои мушаххас дода шудаанд.

Бо эҳтиром, директор
Давлатов Ҷ.Б.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter