ХАБАРИ ДОҒ

Қарзҳои кӯҳнаро пардохт кунед!

  • Чоршанбе, Март 11 2020

Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» мақола зери унвонии «Обу корези Душанбе қарзҳоро аз куҷо меёбад?», ки он дар ҳафтаномаи СССР таҳти №48 (585) аз 28 ноябри соли 2019 ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод. Дар мақолаи номбурда омадааст, «Соле нест, ки назоратчиёни КВД «Обу коррези Душанбе» ба мардум квитансияҳои навро дар бораи қарзҳои  ҳангуфти чандинсола пешниҳод накунанд. Ҳамин ҳоло ҳам чунин аст: назоратчиён ба мардум таъкид карда истодаанд, ки қарзҳои солҳои 2007-2009-ро пардохт кунанд. Магар ин қарзҳо аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва пойтахт бахшида ва «ях» карда нашуда буданд? О, пеш аз гузоштани ҳисобкунакҳои обӣ муштариён тамоми қарзҳои худро пардохт карда буданд, ку!? КВД «Обу корези Душанбе» аз куҷо ин ҳама қарзҳоро меёбад?»

Чуноне, ки маълум аст тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» журналист уҳдадор аст, ки пеш аз нашр маводи мусоҳибаи омодакардаашро бо сарчашмаи он мувофиқа намояд. Лекин, журналист бар хилофи ин талаботи қонуни мазкур амал намуда, пеш аз нашр маводи омодакардаашро барои тасдиқи дурусти он бо корхонаи мо мувофиқа накардааст. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, таҳти №662 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки  ба суроғаи мо маълумот оид ба ҷамъоварӣ шудани маводҳои тасдиқкунандаи ин гуфтаҳо дар мақола, суроғаи зисти шаҳрванд Моҳира Асоева ва журналисте, ки мақоларо ба табъ расонидааст, пешниҳод намоед.

Қаландаров С.А. 

и.в. директор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter