ХАБАРИ ДОҒ

Баҳси «Агроинвестбонк» судист

  • Чоршанбе, Сен 02 2020

Прокуратураи шаҳри Хуҷанд муроҷиати шаҳрванд Қодиров Қ., сокини ноҳияи Деваштич, Ҷамоати деҳоти Росровут, деҳаи Даҳкат, ки дар ҳафтаномаи «СССР» аз 18.06.2020 сол таҳти сарлавҳаи «Алимардонов эмонашро ба ман медиҳад?» оиди рӯёнидани маблағҳои пасандозаш аз ҳисоби филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд аз чоп баромадааст, мавриди баррасӣ қарор дод. Баррасии муроҷиат нишон дод, ки аз тарафи шаҳрванд Қодиров Қ. дар асоси шартномаҳои пасандози муҳлатноки бонкии № Д/001-74/266939003 аз 05.05.2016 сол маблағи 10661 Евро ба муҳлати ду сол, яъне то 01.06.2018 сол ва шартномаи № Д/001-68/266939-002 аз 02.06.2018 сол 9600 доллари ИМА ба муҳлати ду сол, яъне то 05.05.2018 ба бонк гузошта шудааст. То ин давра пасандозӣ  бонкӣ ба миқдори 10661 Евро ба пуррагӣ баргардонида шуда, уҳдадориҳои шартномаи №Д/001-74/266939-003, аз 05.05. 2016 сол иҷро карда шудааст.

Тибқи маълумоти расмии филиали Бонк то айни ҳол ба Қодиров Қ. 1264,76 доллари ИМА барои фоизҳои ҳисобшуда ва 901,33 доллари ИМА ҳамчун қарзи асосӣ баргардонида шуда, пасандози боқимонда ба санаи 01.07.2020 сол 8698,67 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Бо назардошти ба буҳрони иқтисодӣ дучор гаштани Бонк маблағи Қодиров Қ., сари вақт баргардонида нашудааст ва дар доираи имкониятҳо Бонк уҳдадор шудааст, ки марҳила ба марҳила маблағи боқимондаро пардохт намояд. Бо назардошти он, ки байни Қодиров Қ. ва филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд бобати иҷрои уҳдадориҳо баҳси судӣ ҷой дорад, тибқи талаботи қисми 1 моддаи 11 Кодекси граждании ҶТ ба муаллифи муроҷиат талаботи қонунҳои амалкунанда оиди тариқи хусусӣ ба суд муроҷиат намудан фаҳмонида дода шуд.

Назарзода А.Н., Прокурори ш.Хуҷанд, 

мушовири адлияи дараҷаи 1   

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter