ХАБАРИ ДОҒ

Шаҳритуз: Сабаби сӯхтор таъмин нагардидани қоидаҳои бехатарист

  • Панҷшанбе, Сен 10 2020

Прокуратураи н.Шаҳритуз мақолаи ба номи «Шаҳритуз: Бозорро ки сӯзонд?», ки дар ҳафтаномаи «СССР» таҳти №20 (609) аз 28.05.2020 сол ба чоп расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод. Дар мақола сухан дар бораи ҳодисаи сӯхтори бозори марказии н.Шаҳритуз, ки санаи 24.05.2020 сол, тахминан соати 17:05 дақиқа рух додааст, қайд карда шудааст.  

Бояд қайд намуд, ки оиди ҳодисаи сӯхтори зикршуда аз ҷониби мақомоти тафтишот ва таҳқиқ саривақт маводҳои зарурӣ омода гардида, дар асоси хулосаи Комиссияи махсус ва Хадамоти давлатии оташнишонӣ муайян гардид, ки дар натиҷа бинобар таъмин нагардидани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва оташнишонӣ дар бозори номбурда аз расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ ва симчубҳои дохилии он сӯхтор ба амал омада, бинобар таъмин нагардидани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва оташнишонӣ аз ҷониби маъмурияти бозор оташ дар муддати кӯтоҳ ҳудуди 1.49 гектар замини бозорро фаро гирифта, дар натиҷа 498 адад нуқтаҳои савдо, 97 адад нуқтаҳои хизматрасонӣ, 35 адад нуқтаҳои иҷоравӣ ва ғайра дар маҷмӯъ  651 ҷойи савдои субъектони фаъолияти соҳибкорӣ сӯхта несту нобуд гардидаанд.

Тибқи хулосаи Комиссияи МИҲД н.Шаҳритуз таҳти №06 аз 26.05.2020 сол маблағи зарари дар натиҷаи сӯхтор ба субъектони соҳибкорӣ ва Раёсати ҷамъияти матлуботи н.Шаҳритуз расидашуда, дар маҷмӯъ маблағи 4 миллиону 420 ҳазор сомонӣ мебошад.

Аз натиҷаи санҷиш, бо дастрасии моддаи 22-и Қонуни ҶТ «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор», дар асоси хулосаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ аз 28.05.2020 нисбати Раиси Раёсати ҷамъияти матлуботи н.Шаҳритуз Каримов Н.К., ки дар як вақт роҳбарии бозори марказиро бар ӯҳда дошт, бо аломатҳои моддаи 192 қисми 2 ва моддаи 295 қисми 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ ва нисбати барқчии ҳамин бозор  Давлатов М.А. бо аломатҳои моддаи 192 қисми 2-и ҚҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятии мазкур аз рӯи тобеият ба зиммаи муфаттишони ГТ Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Шаҳритуз вогузор гардида, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шудааст, ки пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ зери назорат қарор дорад.

Мақолаи зикршуда тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ аз рӯи тобеият барои ҳамроҳ намудан ба маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ва тафтиши ваҷҳҳои он ба муфаттишони ГТ Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Шаҳритуз ирсол карда шудааст.

Бо эҳтиром Р. Азиззода, и.в. Прокурори н. Шаҳритуз, мушовири адлияи дараҷаи 2                

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter