ХАБАРИ ДОҒ

Иштирокчии ҶБВ, маъюби гуруҳи 1, дорандаи ордени Ленин ва чандин мукофотҳои махсуси советӣ Ғулом Шарипов, ки санаи 11.10.2020 аз олам даргузашт, ба кулли хонандагони газетаи мардумии СССР ошно буд. Мавсуф падари ман буду мо як умр ҳамдигарро ҳамхизмат гуфта садо мекардем, зеро ӯ бо немисҳо ҷангидаву ман дар Афғонистон хизмат кардаам. Ҳарду аз имкониятҳои зиёд бархӯрдор будем. Ба падари ман пеш аз марг 1 маблағи муайяне-1961 сомонӣ ҷудо гашт. Бо баҳонаи зиёд кормандони филиали бонки давлатии «Амонатбонк» дар ш.Кӯлоб маблағро аз 1 суратҳисоб ба суратҳисоби дигар гузарониданду он сари вақт ба дасти падари ман нарасид. Дар ин бора Сайёфи Мизроб низ 1 матлаби хуб навишта буд.

Пас аз марги падар ман барои гирифтани ин маблағ хеле саъю талош ва бо аризаву номаву даҳҳо ҳуҷҷат дари чандин вазорату идораҳоро охурча кардам, вале пулро ба ман, ки меросхӯр ҳисоб мешавам, надоданд. Ба раиси БДА «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ низ арз кардам ва ӯ дастур дод, ки масъаларо ҳарчӣ зудтар ҳал кунанд, аммо бо гузашти 4-5 моҳ ин қазия ҳанӯз норавшан аст, зеро «Кӯлоб ин давлати дигар аст!»…

Дар охир хаста шуда гуфтам, ки бигузор масъулони бонки «Амонатбонк»-и ш.Кӯлоб ин маблағро гирифта, дар сари қабри падари худашон санги мармар гузоранд! 

Алихон Шарифов, хабарнигори мардумии СССР, ш.Кӯлоб

Тел: 98 101 91 06

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter