ХАБАРИ ДОҒ

Насупоридани алимент ҷазо дорад?

  • Чоршанбе, Май 19 2021

Салом газетаи мардумии СССР-и дардошно ва ҳамадону ҳамабин! Ман тӯли 3 сол аст, ки барои сари вақт нагирифтани алимент қариб ҳар рӯз ба идораи суд медароям. Мутаассифона ғайри асабхаробкунию фишорбаландӣ дигар натиҷа нест. Айни ҳол дар 1 хонаи бинои баландошёнаи танг бо модари угайу падари нафақахӯр ва бародари бадмастам зиндагӣ дорам. Бо 200 сомонии алимент дар ин замони қиматӣ намедонам кӯдаконамро чӣ хел хӯронаму пӯшонам ва тарбия кунам. Вале ҳамин 200 сомонии ночизро ҳам сари вақт гирифта наметавонам. 

Собиқ шавҳарам Гулов Сафаралӣ мебоист мувофиқи ҳалномаи суди ноҳия, аз рӯзи муқарраршудаи алимент, аз 02.10.2019 барои таъмини 2 фарзандаш: Гулзода Юсуф Сафаралӣ (соли таваллудаш 22.05.2015) ва Макнунаи Сафаралӣ (соли таваллудаш 02.10.2017) ҳар моҳ ба тариқи устувор ба маблағи 100 сомонӣ барои ҳар кадоме, ҷамъ 200 сомонӣ то ба синни балоғат расиданашон алимент месупорид. Аммо Гулов С. соли 2019 ягон дирам насупорида, 600 сомонӣ қарздор аст. Соли 2020 бошад фақат 13 феврал 450 сомонӣ ва 4 июл 600 сомонӣ супоридаасту тамом. 1350 сомонии дигар қарздор буда, дар ҷамъ қарзҳояш 1950 сомониро ташкил медиҳад. Фақат баъди аризаи шикоятӣ бурдан аз болои Гулов С. ба прокуратураи ноҳия, 15.02.2021 600 сомонӣ рӯёнида шуду халос. Оё сари вақт насупоридани алимент ҷазо дорад? Агар ҳа, пас чаро ӯро ҷазо намедиҳанд?  

Шифои Табар, сокини н.Фархор,

тел: 906-99-62-16

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter