ХАБАРИ ДОҒ

Қубодиён: Арзкунанда аз шикоят даст кашид

  • Чоршанбе, Июн 16 2021

Ба самъи редаксияи газетаи СССР мерасонем, ки мақолаи Қаршиев Умед таҳти унвони «Заминамро ба зӯр гирифтанд», ки дар рӯзномаи «СССР» аз 4.03.2021, таҳти №9 (650) нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Муайян гардид, ки бо қарори раиси н.Қубодиён №36 аз 27.01.2010 аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Қиёмиддин»-и ҷамоати деҳоти У.Назаров тарҳҳои №376, №377, №383 ва №401 масоҳати 3,85 га барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Мамадамин полвон» барои истифодаи якумраи меросӣ ҷудо карда шудааст. Баъдан бо қарори дигари раиси ҳамин ноҳия №673 аз 25 июли соли 2012 барои васеъ намудани замини хоҷагии деҳқонии «Мамадамин полвон» аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Бошқалъа»-и ҷамоати деҳоти У.Назаров иловатан замини масоҳаташ 9,45 га аз тарҳҳои № 373-375, 381 ва 401 бо ҳуқуқи истифодаи якумраи мерос ҷудо карда шудааст. Дар асоси қарорҳои болозикр хоҷагии деҳқонӣ санаи 28.03.2016 бо 5 нафар аъзо ба қитъаи замини масоҳати умумиаш 13,3 га бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А № 0011741 таъмин гардида, он таҳти № 295 ба қайд гирифта шудааст.

Хоҷагии деҳқонии «Мамадамин полвон» 16.05.2017 бо аризаи даъвогӣ нисбати хоҷагиҳои деҳқонии «Қиёмиддин» ва «Бошқала» дар бораи бартараф кардани монеагӣ ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон муроҷиат намуда асос овардааст, ки тибқи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқдиҳанда барои истифодаи хоҷагии деҳқонии «Мамадамин полвон» қитъаи замини масоҳати умумиаш 13, 3 га вобаста гардидааст ва андозро барои ҳамин миқдор замин пардохт мекунанд. Вале дар асл ҳамагӣ 3 га замин дар истифода хоҷагии мазкур қарор дошта, ҷавобгарон барои истифодаи қисми боқимондаи замин монеагӣ эҷод мекунад. Бинобар ин, аз суд хоҳиш намудааст, ки монеагии ҷавобгарон барои истифодаи замини хоҷагии деҳқонии «Мамадамин полвон» бартараф карда шавад.

Тавре аз омӯзиши маводи парванда бармеояд, зимни муҳокимаи судӣ роҳбари хоҷагии деҳқонӣ Қаршиев У. бо аризаи хаттӣ дар бораи даст кашидан аз даъво муроҷиат намудааст. Бо ҳамин асос 17.07.2017 аз даъво даст кашидани роҳбари хоҷагии деҳқонии «Мамадамин полвон» Қаршиев У. аз ҷониби суд қабул ва истеҳсолоти парванда қатъ карда шудааст.

Санҷиш муайян намуд, ки моҳи январи соли 2019 саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Мамадамин полвон» Қаршиева Ҷумагул, Қаршиев Умед, Қаршиев Нормумин ва Қаршиева Холида бо аризаи даъвогӣ  нисбати раиси хоҷагиҳои деҳқонии «Қиёмиддин» ва «Бошқала», шахси сеюм кумитаи идораи замини н.Қубодиён дар бораи бартараф кардани монеагӣ аз нав ба суд муроҷиат намуданд. Парванда дар қисми талаботи арзкардаи Қаршиев Умед бинобар мавҷуд будани таъиноти судии эътибори қонунӣ пайдокарда оид ба баҳси байни ҳамин шахсон, дар бораи ҳамон предмет ва бо ҳамон асос санаи 08.04.2019 қатъ карда шудааст.

З.Аминзода, 

муовини раис   

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter