ХАБАРИ ДОҒ

   

Бо мақсади тиҷорат чанд муддат шуд дар ш.Самараи Россия қарор дорам. Рӯзе ба бозори марказии ин шаҳр даромадаму бо бачаҳои тоҷики ин бозор, ки 50% фурӯшандаву савдогарони бозорро ташкил менамуданд, ҳамсуҳбат шудам. Вақте дар маркази бозор чойхонаеро бо номи «Ворух» дидам ҳайратам афзуд, чойхонаи бисёр зебо, замонавӣ, бо рангубори миллии тоҷикона. Гӯё 1 пораи Ватанро дида бошам, дарҳол ба дохилаш даромадам. Ҳама ҷо тозаву озода буду пешхизматон барои хӯроки нисфирӯзӣ тайёрӣ медиданд.

   Аз ҷавоне пурсидам, ки чаро чойхонаро масалан «Варзоб» неву «Ворух» ном гузоштаанд, гуфт ба хотири ҳисси ватандорӣ ва дифо аз марзу буми Тоҷикистон. Аҳсан!

   1 чизи аҷиби дигар он буд, ки дар рӯи ҳар мизе газетаи СССР-ро дидам, шумораи 20.05.2021-ро! «Шумо ин газетаро аз куҷо дастрас намудед?»-гуфта пурсидам аз ҷавон, ӯ посух дод, ки бобояш Ҷунайдулло аз дӯстонаш дар Душанбе дархост мекунаду онҳо пайваста барояш газетаи СССР-ро мефиристанд. Ҷунайдулло мухлиси ашаддии газетаи мардумӣ буда, дар ҳамин чойхона кор мекардааст.

   Баъди ин бо худи Ҷунайдулло ҳам ошно шудам. Гуфт тамоми мақолаҳои газетаи СССР-ро мехонад, хосса барояш романи таърихии «Эшон Балла» писанд омад, вале афсӯс хӯрд, ки натавонист баъзе шумораҳои чопшудаи ин очеркро бихонад. 

Наҷмиддин Худоиев, 

ш.Самара

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter