ХАБАРИ ДОҒ

 

 10.05.2021 ба рухсатии меҳнатӣ баромада, бо маслиҳати дӯстон барои содироти олу ба Федератсияи Россия сафар кардам. Барои хариди олу ба н.А.Ҷомӣ рафтам. Якчанд боғи олуро дидаму ноҳияро ҳам тамошо кардам. Ноҳия бисёр ободу зебо, мардум хушмуомилаю меҳмондӯст, хуллас бо 1 ронандаи ш.Ҳисор шинос шудему ба ғунучини олу оғоз кардем. Муддати 5-6 рӯз олу ҷамъоварӣ намудем. 

   Хостам бо ронанда Русия равам. Вай  Мизробшоҳ Худойдодов ном дошт. Ӯ  розӣ шуду ман ҳуҷҷатҳои сафариро омода намудам. 25.05.2021 соати 10  ба роҳ баромадем. Дар роҳи Чорбоғи н.И. Сомонӣ моро манъ карданд. Гуфтанд, ки барои гармӣ ва рафтани мошинҳои вазнин аз соати 1000 то 700 бегоҳ иҷозат нест. Рӯзи эълон, аз ҳамин рӯзи 25.05 будааст. Чӣ илоҷ интизор шудем. Дар 1 муддати кӯтоҳ ду тарафи роҳ пур аз мошинҳои бордор шуд. Баъзе ронандаҳо хӯрок мепӯхтанд, 1 қисмашон ба дигар корҳо машғул, то ки бегоҳ шавад. 

   Мушкил он буд, ки дар наздикии он терминал ягон ҳоҷатхона дида намешуд. 1 ҳоҷатхонаи вайрона, ки  ба ин терминал дахл надошт, қариб 1 км дур буд. Бунёди 1 ҳоҷатхона дар ҳар 10-12 км ва боз ҳам дар шоҳроҳи байналмиллалӣ чӣ мушкилӣ дорад?

Н. Худоиев, 

Хабарнигори Мардумии СССР

ш.Роғун

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter