ХАБАРИ ДОҒ

Конспекти муаллим-танҳо вазорат мепурсад!

  • Чоршанбе, Сен 22 2021

Вазорати маориф ва илми ҶТ мақолаи И.Собириро, ки бо номи “Муаллими “гунаҳкор” ва мактаби “бе дарвоза”” дар шумораи №24 (665) ҳафтаномаи “СССР” аз 17.06.2021 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Се масъалаи аввали вобаста ба ҳам, ки муаллиф дар матлаби худ зикр намудааст, дар асоси Фармоиши вазири маориф ва илми ҶТ “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пеш аз муҳлат ба анҷом расидани соли таҳсил дар соли таҳсили 2020-2021, сабаби қаблан то 7 ва 14-уми июн идома ёфтани дарсҳо ва раванди аттестатсияи хатм мебошад.

Стратегияи миллии рушди маориф самтҳои тағйироти низоми таълимиро мушаххас карда, гузаришро аз низоми кунунӣ ба низоми салоҳиятнокӣ ба нақша гирифтааст. Салоҳият дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ сазовор будан, лоиқ будан, шоистагӣ, сазоворӣ тафсир шудааст. Мафҳуми салоҳият (салоҳиятнокӣ) акнун ҳамчун истилоҳи соҳаи маориф низ истифода мешавад. Салоҳият маҷмӯи дониш,  малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайвандест, ки ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва маърифатӣ равона шудааст. Мафҳумҳои салоҳият, қобилият, малака ва маҳорат баробар истифода мешаванд. Шахси салоҳиятнок ҳар амалеро хуб, қобилона ва боэътимодона иҷро карда метавонад.

Инчунин, вобаста ба оне, ки дар баробари Вазорати маориф ва илми ҶТ ва раёсату шуъбаҳои маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба қавли муаллиф боз “ба мактаб дигар мақомотҳо низ хуҷаин шудаанд” таъкид намудан зарур аст, ки қонунгузорӣ ба ҳар яке аз мақомоти давлатии дахлдор дар доираи салоҳият ва ваколатҳои муайяни худаш иҷозати тафтишот бурдан на танҳо дар муассисаҳои таълимӣ, балки дар дилхоҳ муассисаву идораро додааст. Масалан, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сурати сар задани ҳодисаи ҷиноятӣ ва ё вайрон гаштани ҳуқуқҳо дар мактаб ва дар вақту соати дарсӣ ҳақ дорад, ки ба мактаб омада, вазифаи худро анҷом диҳад. Ба монанди ин, намояндагони дигар мақомоти давлатӣ низ ҳамчунин ҳаққи иҷрои вазифаҳои худро доранд. Аммо ҳеч яке аз намояндагони мақомоти давлатии ғайрисоҳавӣ ҳаққи талаб намудани “нақшаи 1-соатаи дарсӣ” ва ё ин ки “конспект” аз омӯзгорро надорад. Танҳо мақоми ваколатдор дар соҳа - Вазорати маориф ва илми кишвар, муассисаҳои зертобеи вазорат вобаста ба самтҳои фаъолияташон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти ҶТ ва намояндагиҳои ин ниҳод дар вилоятҳо салоҳияти санҷишу назорат аз болои фаъолияти касбии омӯзгорон ва раванди таълим дар муассисаҳои таълими ва паҳлуҳои дигари марбут ба фаъолият дар соҳаро доранд.

Дигар ниҳодҳо танҳо метавонанд дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак бо мақомоти ваколатдор фаъолияти муассисаи таълимиро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Маркази матбуоти Вазорати  маориф ва илми ҶТ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter