ХАБАРИ ДОҒ

«Амонатбонк»-40 соати корӣ дар 1 ҳафта

  • Чоршанбе, Окт 27 2021

 

Бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” оид ба мақолаи мухбири рӯзномаи “СССР” Шокир Наим, ки зери унвони “Бонкҳои Тоҷикистон: чаро кор соати 16:00 тамом мешавад?”, санаи 02.09.2021, 35 (676) чунин маълумот манзур менамояд:

«Амонатбонк» ҳамчун бонки давлатӣ дар сар то сари кишвар, ҳатто дар дурдасттарин манотиқи он бо 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодааст. Реҷаи корӣ дар қисми амалиётӣ ва марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” аз соати 08:00 то соати 16:00 ба роҳ монда шуда, кормандони Бонк ҳамарӯза ба аҳолии кишвар хизматрасониҳоро дар самти қабули маблағҳои коммуналӣ, андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, пардохти нафақаи нафақагирон, пардохти музди меҳнати кормандони корхонаву ташкилотҳо, пардохти маблағҳои интиқоли дохилӣ ва хориҷӣ, қабули пасандозҳо ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ анҷом медиҳанд.

Вақти корӣ ба чунин тарз тақсимот гардидааст: аз рӯзи душанбе то ҷумъа дар 1 рӯз 7 соати корӣ ва рӯзи шанбе 5 соат (то соати 13:00). Яъне 5 рӯзи корӣ баробар аст ба 35 соат ва бо дарназардошти 5 соати рӯзи шанбе дар маҷмӯъ 40 соати кориро дар 1 ҳафта ташкил мекунад. Танаффус аз соати 12:00 то соати 13:00 пешбинӣ шудааст. Рӯзҳои шанбе бошад, аз соати 08:00 то соати 13:00 бетанаффус муқаррар гардидааст. Чунин тартиби коргузорӣ дар доираи талаботи боби 6, моддаи 67-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “давомнокии муътадили вақти корӣ дар ташкилотҳо дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад, ба роҳ монда шудааст.

Ба Шумо маълум менамоем, ки «Амонатбонк» бо мақсади дастрасии бештари хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ баъд аз вақти корӣ ва ҳамзамон ба сайёҳону меҳмонони кишвар, хизматрасонии шабонарӯзиро дар 25 адад хазинаҳои худ дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар пойтахти кишвар бо дарназардошти шумораи зиёди аҳолӣ ва меҳмонону сайёҳон 16 хазинаи шабонарӯзии Бонк фаъолияти доимӣ доранд.

С.Икромӣ,

Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк»

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter