ХАБАРИ ДОҒ

Муаллимро ба ҷанг набаред!

  • Чоршанбе, Окт 27 2021

Дуруд ба СССР-и азиз! Даъвати навбатии тирамоҳии ба сафи артиш ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сар шуда, кам-кам овозаи «облава» шудани ҷавононро низ бароварда истодааст. Новобаста аз эълон ва қабул шудани хизмати алтернативӣ боз ҳам ҷавононро маҷбурӣ ба хизмат бурда истодаанд, ки ин хуб нест, зеро ҷавоне, ки иҷборӣ хизмат мекунад, ҳисси миллӣ нахоҳад дошт!

Дар ин маврид 1 нуқтаро мехоҳам зикр кунам: муаллим-омӯзгорро дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба фронт намефиристоданд. Зеро муаллим дар ақибгоҳ, муҳимтар аз ин дар тарбияи насли наврас зарур буд. Ҳатто И.Сталин низ дар ин робита фармони махсус имзо карда буд, ки мутобиқи он то соли 1940 муаллимонро ҳатто барои хизмати сарбозӣқабул намекарданд. Соли аввали ҶБВ 1941 маҷбур шуданд муаллимонро ба фронт фиристанд, вале ин танҳо 1 гуруҳи хурд буд, пасон И.Сталин ҳамаи муаллимонро аз фронт ба ақибгоҳ баргардонид.

Манзури ман чист? Муаллим дар ҷомеаи имрӯзаи мо низ бояд аз хизмат озод бошад, агар муаллимро ба хизмат баранд, 2 соли таҷрибаи ӯ дар артиш гузашта, фарзандони мо бе муаллим мемонанд…

Шарофиддин Тоҷибоев,

ш.Хуҷанд

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter