ХАБАРИ ДОҒ

Троллейбуси №5-ро иваз кунед!

  • Чоршанбе, Нояб 17 2021

Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Хабари гарон шудани нархи роҳкироро дар нақлиёти истифодаи умум хонда нороҳат шудам. Дар ҳақиқат бо ин вазъи иқтисодӣ ва гаронии бозор то 80-90% боло бурдани нархи роҳкиро қобили қабул нест ва агар масъулон онро дубора бозбинӣ намоянд, хеле хуб мешавад.

Дигар ин, ки дар 2 соли ахир автобусу троллейбусҳои тамоми хатсайрҳои ш.Душанбе нав шуданд, ба ҷуз хатсайри троллейбуси №5. Троллейбусҳои ин хатсайр ҳама кӯҳна буда, курсиҳои дохили салон шикаставу пора шудаанд. Ба ғайр аз ин, шумораи троллейбусҳои №5 хеле кам буда, масалан шоми 04.11.2021, соати тақрибан 17:30 дар истгоҳи Маркази савдои «Садбарг» мо 27 дақиқа ин троллейбусро интизор шудем. Троллейбус бо рақами 2147 ба хотири дар дами роҳаш таваққуф кардани 1 мошини сабукрав 27 дақиқа сигнал дода истод-агар шохҳояшро мегирифт, дубора васл намудани он мушкил буд.

Оё фурсате нарасидааст, ки троллейбусҳои № 5-ро низ иваз кунанд ё дар вақтҳои час-пик, субҳу шом ба ин хатсайр 2-3 троллейбуси нав ҷудо намоянд, то мардум дар фасли сармо дар кӯча намонад?

М.Аминова,

ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter