ХАБАРИ ДОҒ

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб далелҳои мақолаи мазкурро, ки дар мавриди баъди вафот пардохт накардани нафақаи марҳум Шарипов Ғулом (бобои Ғулом) оварда шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад

Қайд кардан лозим аст, ки ба Раёсати Агентӣ баъди вафоти шаҳрванд (марҳум) Шарипов Ғулом соли таваллудаш 01.05.1925 маъюби гурӯҳи 1-уми Ҷанги Бузурги Ватании солҳои (1941-1945) аз ҷониби келини хонадон шаҳрванд Юсупова Ғамзагул дар санаи 19.10. 2020 сол таҳти №995 ҷиҳати гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн ва маблағи ногирифтаи пеш аз вафот ариза ворид шудааст.

Раёсат дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда кӯмакпулӣ барои дафнро дар ҳаҷми 20 нишондиҳанда 1160 сомонӣ ва маблағи ногирифта пеш аз вафот дар ҳаҷми 509,95 сомонӣ дар маҷмуъ 1669,96 сомонӣ дар талаботи нафақаи моҳи октябри соли 2020 ба унвонии шаҳрванд Юсупова Ғамзагул келини Шарипов Ғулом тавассути Филиали №57 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Кӯлоб ирсол кардааст.

М.Асоев,

Сардори Раёсат 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter