ХАБАРИ ДОҒ

Ёвон: ба офатзадагон кӯмак расид

  • Чоршанбе, Дек 01 2021

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон мақолаи “Ёвон: соҳилмустаҳкамкунӣ вазифаи кист?”-ро баррасӣ намуда, вобаста ба он қайд менамояд, ки бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, рӯзҳои 11 ва 13 майи соли равон ба вуқӯъ пайваста буданд, ба сокинони деҳаҳои Қайнама, Санҷитак, Даштобод ва Оби Мӯкии деҳоти Обшорон ва деҳаҳои Навобод, Рӯдакӣ, Пахтакор, Фурқат ва Чӯпонободи деҳоти Ситораи Сурх кумакҳои моддию молиявӣ расонида шуд.

 

Аз ҷумла дар ҷойи 3 манзили истиқоматӣ, ки дар деҳаи Санҷитак пурра аз байн рафта буд ва маблағи зарари онҳо 317042 сомониро ташкил медод, бо ташаббуси МИҲД-и ноҳия манзилҳои нави истиқоматӣ бунёд карда, пурра бо ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ба дигар сокинони зарардида аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба миқдори 15 ҳазор дона хишти сементӣ, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ба миқдори 45 ҳазор сомонӣ маблағи нақд, 2 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 30 тонна семент, аз ҷониби шарикони рушд маҳсулоти сохтмонӣ аз қабили семент, арматура ва хишти пухта ба маблағи умумии 20 ҳазор доллари ИМА кумак расонида шуд ва бо ҷалби техникаву қувваи корӣ аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорону сокинони ноҳия селроҳа, дохили манзилҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигии сокинони аз офати табиӣ зиёндида аз обу лой тоза ва аҳолии деҳаҳои мазкур рӯзҳои аввали пас аз офати табиӣ бо 3 вакт хӯроки гарм таъмин гардиданд.

Ёвон дарвоза дорад!!!

Дар робита ба матлаби “Ёвон дарвоза надораду раис гӯш», иттилоъ медиҳем, ки ҳарчанд роҳҳои автомобилгарди зикргардида аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, дар мувозинаи Муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ёвон (бо маблағгузорӣ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ) қарор доранду хизматрасонӣ ҳам бояд аз ҷониби муассисаи мазкур анҷом дода шавад, ҳамасола барои дар ҳолати нисбатан хуб нигоҳ доштани онҳо аз ҳисоби маблағҳои барзиёдии буҷаи ноҳия маблағҳои муайян ҷудо карда мешаванд. Бояд зикр намуд, ки даромадгоҳҳои ноҳияи Ёвон аз тарафи шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ дарвоза дошта, аз тарафи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомй рамзи махсус (“Стела”) бо навиштаҷоти “Ноҳияи Ёвон” насб гардидааст.

Бо мақсади азнавсозӣ ва бо тарзу усули замонавӣ, яъне бо конструксияҳои нав сохтани дарвозаҳои замонавӣ ҳанӯз соли 2019 лоиҳаҳои нави сохтмони ин дарвозаҳо тарҳрезӣ гардида, барои бунёди онҳо аз буҷаи ноҳиявӣ ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ қарори махсус омода карда шуда буд. Аммо аз сабаби он ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеъҳои мазкур азнавсозии роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Рӯдакӣ-Ёвон-Абдураҳмони Ҷомӣ-Сарбандро ба нақша гирифта, тахмин дорад, ки сохтмони онро дар муҳлатҳои наздиктарин оғоз намояд, мутахассисон сохтмони дарвозаи даромадгоҳҳои ноҳияро танҳо пас аз таҷдиди роҳҳо салоҳ донистанд.

Симчӯбҳо нав мешаванд!

Вобаста ба матлаби “Ёвон: симчӯбҳои фарсуда” бояд гуфт, ки ҳамасола дар ноҳия то 100 адад симчӯбҳои куҳна бо сутунпояҳои оҳанубетонӣ иваз карда мешаванд. Танҳо дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 59 симчӯби фарсуда, 56 км ноқилҳои барқӣ ва 1,028 км хатҳои кабелӣ иваз карда шуданд ва бо истифода аз ҳама шароиту имкониятҳо дар ин самт чораандешӣ идома ёфта истодааст.

Ҷ.Саидзода,

раиси ноҳияи Ёвон

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter