ХАБАРИ ДОҒ

Нафақаамон ғайриқонунист!

  • Чоршанбе, Дек 15 2021

 

Салом ба СССР-и азиз! Дар шумораи аз 21.10.2021 мақолаи «Тақсимоти ноадолатонаи нафақа: айб дар мош аст ё ош?»-ро, ки муаллифаш Ҷамила Ҳусейнова аст, хондам. Барои ман аз ҳама аҷиб он аст, ки Дастурамале, ки Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,5 сол боз аз рӯи он нафақаи суғуртавиро муайян ва тасдиқ мекунад, дар Вазорати адлияи мамлакат ба қайд гирифта нашуда ва ғайриқонунӣ будааст.

Ман низ якчанд маротиба барои дуруст намудани нафақаи суғуртавиам ба шуъбаи Агентии мазкур дар ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудам. Онҳо мегӯянд, ки нафақаам аз рӯи Дастурамали нав муайян карда шудааст. Дастурамалаш ҳамон «Қоидаҳои ташкили кор оид ба таъйин, индексатсия, бозҳисобӣ ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ», ки дар газетаи СССР чоп шуд. Таҳиягарони ин Дастурамал Давлатзода Дилмурод Ашурбек ва Д.С.Насков, яке аз муовинҳои раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва фонди нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, муҳаррирон Д.Валиев ва С.Анварӣ мебошанд. Вақте ин Дастурамал дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, пас чаро нафақаи суғуртавӣ аз рӯи он муайян ва тасдиқ карда шуда истодааст? Аз ин маълум мешавад, ки мардуми ба нафақа баромадаи тоҷик 1,5 аст, ки нафақаи ғайриқонунӣ мегиранд…

Дигар мушкиле, ки ин Агентӣ ба мардуми шаҳру ноҳияҳои дур аз марказ роҳандозӣ намудааст, ин гирифтани маълумотномаи РИС мебошад. 1,5 сол аст, ки ин маълумотномаро танҳо дар марказҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дода, мо маҷбурем барои ин ба маркази вилоят ё шаҳри Душанбе равем. Чаро ба ҷойи осон намудани кор ба мардуми нафақахӯр мушкил эҷод мекунем?

Ва сеюм, чаро Давлатзода Дилмурод Ашӯриён ба арзу шикоят ва мақолаҳои интиқодиву таҳлилии муаллифон ва хонандагони газетаи мардумии СССР боре ҳам посух намегӯяд? Газетаи СССР метавонад ӯро тибқи Фармони №622 барои вокуниш накарданаш ба суд диҳад!

Сафаралӣ Назаров,

н.Кӯшониён

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter