ХАБАРИ ДОҒ

Бадахшон пораи Тоҷикистон аст!

  • Чоршанбе, Дек 08 2021

 

Дардҳо ҳама рӯза ба сари мо боранд. Моро пахш мекунанд, муаммою мушкилӣ, андӯҳ ба бор меоваранд. Дарди бкорӣ, дарди бенавоӣ, дарди қашшоқӣ ва дарди бекасиву танҳоӣ ва болои ин дардҳо имрӯз ҷомеаи моро дарди мудҳиштарин, ваҳшатноке фаро гирифтан дорад, ки он ҳам маҳалагароӣ ва хешутаборчигист.

Ман дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам, ҳарчанд зодгоҳам Бадахшон аст. Ростӣ, чандин бор дар ҳаққи мардуми Бадахшон ва помириҳо суханҳои таҳқиромез шунидам ва имрӯз ҳам мешунавам. Охир то ба кай ҷавоби аблаҳ сукут гуфта мегардем? Чаро дар ватане, ки мо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ медонемаш, озодона зиндагӣ карда наметавонем?  

Дар даврони Шӯрави Тоҷикистонро аз руи “Боми ҷаҳон” мешинохтанд, яъне Помир “Крыша мира” буд. Ман бори дигар ба касоне, ки моро ба Помирию, Хатлонию, Суғдию, Зарафшонӣ ҷудо мекунанд, гуфтаниям: мо ҳама тоҷикему аз як Тоҷикистонем! Тамом!

Мо бояд ҳама шукронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон кунем, ки сулҳу ваҳдатро дар ин кишвари ҷангзада пойдор кард, мо бошем бо маҳалгароии хеш сулҳу ваҳдати кишварро халалдор мекунем. Бадахшон пораи ин хоки муқаддаси Тоҷикистон аст ва Мо ҳама сарҷамъона Метавонем!

Оламгули Мазлум,

ш.Душанбе  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter